Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони иттиҳом алайҳи 25 скинҳед дар Русия


Мақомоти Санкт-Петербурги Русия 25 ҷавони узви як гурӯҳи скинҳедро ба анҷоми 12 ҳамла алайҳи афроди ғайриславянӣ ва 2 куштор дар заминаи адовати қавмӣ айбдор карданд. Ин гурӯҳ ба раҳбарии Андрей Линок тавассути Интернет дар соли 2007 таъсис ёфта, аъзояш русҳоеянд, ки аз 17 то 23 сол доштаанд.
Мақомот мегӯянд, дар тобистон ва тирамоҳи соли 2007 атбоъи Узбакистону Арманистон ва ҳатто шаҳрвандони худи Русия аз ҷумҳуриҳои Тува ва Карелия ҳадафи ҳамлаи ин гурӯҳ қарор гирифтаанд. Онҳо навори ҳамлаҳои худро дар Интернет ҳам нашр мекарданд ва ин наворҳо дар ҷараёни таҳқиқот аз сӯи пулис алайҳи худи онҳо истифода шуд.
XS
SM
MD
LG