Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷадвали нави ҳаракати қаторҳо тасвиб шуд


Мушовараи намояндагони ширкатҳои роҳи оҳани кишварҳои ҳамсӯд ва соҳили Балтик дар Душанбе бо тасвиби ҷадвали ҳаракати қаторҳои мусофирбар барои ду соли оянда анҷом ёфт. Дар ин нишаст ҳайъатҳо аз 13 кишвари пасошӯравӣ, ба истиснои Гурҷистон ва Туркманистон ширкат доштанд.
Ҷадвали ҷадид ҳаракати бемамониати қаторҳои Тоҷикистон дар масирҳои байналмилалиро барои солҳои 2011 ва 2012 низ тазмин медиҳад. Феълан қаторҳои мусофирбар аз Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлобу Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ба чандин шаҳри Русия, аз ҷумла ба Маскаву Саратов ҳаракат мекунанд.
XS
SM
MD
LG