Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай мардумро ба интихобот даъват кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай аз мардум даъват кард, дар интихоботи парлумонии рӯзи шанбе ширкат варзанд. Карзай, ки дар қасри Арки Кобул бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, эҳтимоли “тахаллуфот” дар ин раъйгириро радд накард.
Пулис дар пешорӯи интихоботи рӯзи 18 сентябр тадобири амниятиро дар саросари кишвар шадидтар кардааст. Толибон таҳдид кардаанд, ки ин маъракаро тахриб хоҳанд кард.
Дар остонаи интихобот то 19 нафар, бо шумули як номзад ба вакилӣ дар вилояти Лағмон ва дастикам 8 мақоми интихоботӣ дар вилояти Бодғисро рабудаанд. Масъулияти рабудани номзад дар Лағмонро Толибон бар дӯш гирифт. Мақомот масъулияти рабудани ходимони интихоботӣ дар Бодғисро низ ба чирикиҳо бор мекунанд. Барои 249 курсии парлумони Афғонистон ҳудуди 2500 довталаб вориди мубориза шудаанд.
XS
SM
MD
LG