Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оддист


Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, вазъ дар марзи кишвараш бо Тоҷикистон оддиву собит буда, мояи ягон навъ нигаронӣ нест. Имонқулов ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, кадом маълумоте дар бораи таҷаммӯъи ҷангиёни хориҷӣ дар марзи байни ин ду кишвар ба дасти онҳо нарасидааст. “Мушкилоти ошкоре дар дохили Тоҷикистон ҳаст, ки шоҳиди таркишҳо ва талоши убур аз марзи Тоҷикистону Афғонистон шудааст, вале ягон ҷангӣ ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон нарасидааст”, афзуд ин мақоми қирғиз. Имонқулов гуфт, бо ин вуҷуд Қирғизистон тадобири амниятиро шадидтар карда, табодули маълумот байни мақомоти вижаи ин ду кишвари ҳамҷавор идома дорад.
XS
SM
MD
LG