Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои истироҳат, 18-ум ва 19-уми сентябр, бозиҳои даври 24-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд.

Ду бозии даври навбатӣ 18-уми сентябр барпор мегардад. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода дар меҳмонӣ бо«Энергетик»-и Душанбе қувваозмоӣ мекунанд.

Ду бозии дигар 19-уми сентябр байни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе – «Хайр»-и Ваҳдат ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо 50 имтиёз дар ҷои аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 49 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хайр» бо 36 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

20

15

5

0

43-10

50

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)


21

15

4

2

59-13

49

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

20

11

3

6

38-24

36

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

20

9

6

5

24-19

33

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

21

7

7

7

22-30

28

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

21

6

5

10

29-38

23

7.

«Энергетик» (Душанбе)

20

5

3

12

24-35

18

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

20

4

3

13

21-41

15

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

21

1

2

18

15-65

5


Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 18 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 13, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 10, Нӯъмонҷон Ҳакимов «Регар-ТадАЗ/»Вахш») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 9-голӣ.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG