Пайвандҳои дастрасӣ

Академияи улум шадидан ислоҳот хоҳад шуд


Бар асоси барномаи ислоҳоти сохториву маъмурии Академияи улуми Тоҷикистон, ки ҳукумати кишвар тасвиб кард, шумори аъзои Раёсати ин ниҳоди илмӣ аз 11 то 9 нафар коҳиш ёфта, теъдоди кормандони дастгоҳи Академия аз 70 то 50 нафар пойин оварда хоҳад шуд. Тибқи ин ислоҳот, қарор аст, Пажӯҳишгоҳи заминшиносӣ бо Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносӣ, Пажӯҳишгоҳи наботот бо Пажӯҳишгоҳи физиологияву генетика ва Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқ бо Пажӯҳишгоҳи фалсафа муттаҳид карда шаванд. Ҳамчунин Пажӯҳишгоҳи забону адабиётро бо Пажӯҳишгоҳи ховаршиносиву мероси хаттӣ ва Пажӯҳишгоҳи иқтисодро бо Пажӯҳишгоҳи нуфусшиносӣ як хоҳанд кард. Ин ислоҳот таъсиси Куммиссиюни олии аттестатсионӣ(ВАК) ба манзури дифоъ аз рисолаҳои номзадиву докториро низ дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG