Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши пурқурбонӣ дар партобгоҳе дар Шрӣ-Ланка


Рӯзи ҷумъа бар асари таркиш дар як партобгоҳи таслиҳоти пулис дар ҳошияи шаҳри Баттикалоа дар Шрӣ-Ланка дастикам 60 нафар ба ҳалокат расиданд. Пулис мегӯяд, инфиҷор бо амри тасодуф ва замоне сурат гирифт, ки бархе аз ин партобҳоро мехостанд ба кормандони сохтмон бисупоранд. Аксари кушташудаҳо афсарони пулис буда, вале дар ин таркиш дастикам 2 хориҷӣ ҳам, ки бино ба хабарҳо, коргарони чиноиянд, ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG