Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дед Ҳасан" аз як сӯъиқасд ҷон ба саломат бурдааст


Аслан Усоён, мулаққаб ба “Дед Ҳасан”, яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳо дар олами ҷиноии Русия, аз як сӯъиқасд дар Маскав зоҳиран ҷон ба саломат бурдааст. Бино ба хабарҳо, Аслан Усоёни 73-сола ва як марди дигар, ки муҳофизи ӯ хонда мешавад, рӯзи панҷшанбе дар маркази Маскав захмӣ шудаанд. Гузоришҳои қаблӣ дар бораи ҳалокати “дед Ҳасан” хабар медод, вале мақомот баъдан гуфтанд, ки ӯ дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG