Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ставитская: "Мо ба пирӯзӣ дар Страссбург умед дорем"


Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо рӯзи 21 сентябр ба баррасии шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии ҳизби демократи Тоҷикистон алайҳи Русия шурӯъ мекунад. Анна Ставитская, вакили мудофеъи Искандаров ба Радиои Озодӣ гуфт, худи аз сӯи додгоҳи Страссбург пазируфта шудани ин даъво онҳоро ба ҳалли мусбати қазия умедвор мекунад: “Мо аз ин шикоят дорем, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ дастгир шуд, ғайриқонунӣ таҳти боздошт қарор дошт ва ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон супурда шуд.”
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ибтидо моҳи декабри соли 2004 дар Маскав боздошт шуд, вале ӯро дар авоили моҳи апрел раҳо карданд. Аммо ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз раҳоияш хабари ӯ аз боздоштгоҳи Душанбе расид. Дар моҳи октябри соли 2005 Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бо ҷароиме, чун сирқати моли давлат ва ҳифзи ғайриқонунии аслиҳаву муҳофизон, ба 23 соли зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG