Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини Панҷакентро гурӯҳи мусаллаҳ ба Узбакистон бурдааст


Як гурӯҳ афроди мусаллаҳи низомипӯш аз дохили Узбакистон дар минтақаи марзии Панҷакент, савори мошин вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, як сокини деҳаи Фароб, Абдураҳмон Маҷидов ва 18 сар гови ӯро бо худ ба дохили Узбакистон бурдаанд. Сарнавишти ин шаҳрванди Тоҷикистон норӯшан аст.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, ки ин хабарро мақомоти марзбонӣ ва гумрук дар ноҳияи Панҷанкент ва инчунин сокинони минтақа тайид кардаанд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин ҳодиса чор рӯзи пеш сурат гирифта ва то кунун ба чандин навбат дархости онҳо роҷеъ ба маълум кардани сарнавишти ин шаҳрванди Тоҷикистон мақомоти минтақаи марзии Узбакистон ягон посух надодаанд.

Аммо масъулини дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сар задани ҳар чунин ҳодисае дар минтақаи марзии Панҷакент изҳори беиттилоӣ намуда ва гуфтанд, ки дар пайи таҳқиқи ин хабар ҳастанд.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG