Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти варзишгарони тоҷик


Дар ин барнома, дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои варзишии Авруосиёии наврасон дар шаҳри Қазони Русия ва иллати нокомии паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон дар Ҷопон нақл мекунем.

Варзишгарони ҷавони тоҷик барои бори дуввум дар Бозиҳои варзишии Авруосиёии наврасон, ки дар пойтахти Тотористон тӯли як ҳафта идома кард, ширкат варзиданд.

Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозиҳо, ки ба ҷашни 10-солагии таъсисёбии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бахшида шуд, 530 варзишгари навраси синни аз 13 то 17-сола аз шаш кишвари ширкаткунандаи Авруосиё – Беларус, Қазоқистон,Қирғизистон Русия , Тоҷикистон ва Укроин аз рӯи 14 навъи варзиш рақобат карданд.

Ҷаноби Мирзоев аз натоиҷи ба даст овардаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд:

“Варзишгарони навраси тоҷик дар 7 намуд - бокс, варзиши сабук, волейбол (духтарон), гуштии юнониву румӣ, дзю-до, тенниси рӯи миз ва шиноварӣ ширкат варзиданд. Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 27 медал - 3-тилло, 9-нуқра ва 15 нишони биринҷӣ ба даст овард, пас аз Русия, Қазоқистон ва Беларус ва пеш аз Укроину Қирғизистон ҷойгир шуд.

Дар ин Бозиҳо се варзишгари тоҷик дар се намуд – гуштии дзю-до, бокс ва гуштии юнониву румӣ се медали тилло гирифт. Муҳаммад Мирзоев дар рақобатҳо дар навъи дзю-до дар вазни то 66 килограмм бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Аббос Икромов дар навъи гуштии юнониву румӣ дар вазни то 85 кг ҳамто надошт ва қаҳрамони бозиҳо шуд. Абдуқодир Баротов, ширкаткунандаи нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур, дар гурзандозӣ беҳтарин натиҷа нишон дод ва мақоми аввалро касб кард”.

Ба гуфтаи Алимаҳмад Мирзоев Бозиҳои варзишии Авруосиёии наврасон барои мизбонон санҷише буд пеш аз Универсиадаи соли 2013, ки дар шаҳри Қазони Русия баргузор хоҳад шуд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии дзю-до дар шаҳри Токио ноком шуданд. Сабқати ҷаҳонӣ дар пойтахти Ҷопон бо ширкати беш аз 800 варзишгар аз 111 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Дар сабқати мардон Тоҷикистонро 9 гуштигир намояндагӣ кард. Дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар се вазн паҳлавонони Ҷопон, дар вазнҳои дигар гуштигирони Узбакистон, Куриёи Ҷанубӣ, Юнон ва Фаронса ғолиб шуданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ дар шаҳри Маскав низ шикаст хӯрданд.

Чаро паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии дзю-до ва гуштии варзишӣ ноком шуданд? Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо коршиноси соҳа Маҳмуди Абдуллоҳ, мураббии варзидаи гуштӣ.

Дар ин барнома, инчунин, хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG