Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз ҳамкориҳои Кореяи Шимолӣ ва Эрон


Як мақоми давлатии амрикоӣ, рӯзи панҷшанбе гуфт, шавоҳиде дар даст аст, ки нишон медиҳад ҳамкориҳое дар ҳавзаи фановарӢ миёни Эрон ва Кореяи Шимолӣ вуҷуд дорад ва ин масъала боиси нигаронии амиқи Вашингтон аст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури дифоъӣ дар Осиё, дар ҷараёни як ҷалса дар кунгура гуфт: «нишонаҳое аз интиқоли фановари (низомӣ) миёни Эрон ва Кореяи Шимолӣ вуҷуд дорад».

Нигаронӣ аз барномаҳои машкукӣ Кореяи Шимолӣ

Ин мақоми баландпояи амрикоӣ , ки дар муқобили суолоти ҷиддитар аз сӯи Ҷон Меккейн, сенатори ҷумҳурихоҳ ва номзади собиқи раёсати ҷумҳури Амрико қарор гирифта буд гуфт, ки фақат дар як ҷаласаи маҳрамона метавонад ба ин суолот посух дод.

Либермар, вазири хориҷаи Исроил ҳам, ки чаҳор моҳ пеш ба Ҷопон рафта буд, Кореяи Шимолиро муттаҳам карда буд, ки машғули тақвияти навъе аз «меҳвари шарорат» бо ҳузури Эрон ва Сурия аст ва ба ин кишвар силоҳ мефиристад.

Вай ҳамчунин ба таваққуфи маҳмулаи силоҳ аз сӯи Кореяи Шимолӣ дар Тойланд ишора карда гуфт, қарор буд ин маҳмула ба «Ҳамос» ва «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон дода шавад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Кореяи Шимол изҳороти оқои Либерманро рад карда ва вазири хориҷаи Исроилро «кундзеҳн ва бемағз» хонд.

Мушакҳои дурбурд-манбаъи даромади Кореаи Шимолӣ

Коршиносон ба фаъолиятҳои Кореяи Шимол машкук ҳастанд ва бо таваҷҷуҳ ба пешрафтҳои Пхенян ба сохти бомбаи атомӣ ва мушакҳои дурбурд, онро яке аз беҳтарин ва муносибтарин манбаъи даромад барои Кореяи Шимолӣ медонанд.

Се сол пеш, ҷангандаҳои исроилӣ таъсисоти машкук дар Сурияро бо хок яксон карданд ва гуфтанд машкук ба сохти фаъолиятҳои ҳастаӣ буда аст.
Амрико баъд аз он гуфт, ки Сурия бо Кореяи Шимолӣ машғули сохти таъсисоти атомӣ буда аст.

Кореяи Шимолӣ дар соли 2003-ҳафт сол пеш, аз муоъҳидаи манъи густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ хориҷ шуд ва рағми мухолифатҳо, кулоҳаки атомиро озмоиш кард.

Амрико ва Ғарб ба фаъолиятҳои атомии Эрон машкуш ҳастанд ва онро талоше барои дастёбӣ ба бомбаи атомӣ медонанд. Теҳрон аммо бо радди он мегӯяд, фаъолиятҳои атомиро барои тавлиди барқ дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG