Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди мармузи Рашт


Сафари вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев, вазири умури дохилӣ, Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ Мансурҷон Умаров ва ноиби аввали Додситони кулли Тоҷикистон, Абдуқодир Муҳаммадиев ба ноҳияи Рашт таваҷҷӯҳи умумиро ба ин минтақа равона кард.

Аммо таваҷҷӯҳи аз ин ҳам бештарро мулоқоти онҳо бо фармондеҳони собиқи мухолифон, Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов ба худ ҷалб намуд. Ҳарду тарафи мулоқот аз шарҳи он худдорӣ мекунанд, ки дар натиҷа ба суолҳо меафзояд.

Нигаронии мардум ва фармондеҳон аз таҷаммӯи нерӯҳо

Ин сафару мулоқот дар ҳоле иттифоқ афтод, ки аз аввали моҳи равон гурӯҳи бузурге аз ҷузвутомҳои Вазорати умури дохилӣ, артиши миллӣ ва кумитаи амният ба ин минтақа фиристода шудаанд ва ин ҳам дар пасманзари фирори 25 маҳбус дар шаби 23-юми август аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе. Бино бар хабарҳо, дар Рашт як ситоди сайёри фаврии ниҳодҳои қудратӣ низ таъсис ёфтааст.

Таҷаммӯи нерӯҳо мардуми минтақаро нороҳат кардааст, вале беш аз онҳо фармондеҳони собиқи Иттиҳоди мухолифони тоҷикро, ки дар соли 1997 бо ҳукумат ба созиш расида, муддате дар сохторҳои давлатӣ хидмат карданд ва сипас барканор шудаву зери шубҳа ва ҳатто парвандаҳои ҷиноӣ қарор гирифтаанд.

Ба ақидаи ин фармондеҳи собиқ, Одил Олимов, нерӯҳои ҳукумат барои он ба ин ҷо омадаанд, ки бар зидди Аҳмадов ва тарафдорони ӯ амалиёт барпо кунанд.

Аммо мақомоти расмӣ ин шубҳаҳоро рад мекунанд. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Муҳаммадулло Асадуллоев мегӯяд, мақсад боздошти зиндониёни фирорист, ки то ин лаҳза 7 тан аз онҳо дастгир шуда, 18 нафари дигар дар озодиянд.

Ҳанӯз ҳамзамон бо нигаронии аҳолии маҳаллӣ, коршиноси умури сиёсӣ, Саймуддин Дӯстов пешниҳод карда буд, ки ҳукумат бо назардошти ин вазъ бояд бо ҳамаи нерӯҳои ҷомеа вориди музокира шавад ва фармондеҳони собиқро итминони хотир диҳад.

Ҳадаф аз ин иқдоми ҳукумат ҳамкорӣ бо фармондеҳон аст

Оё метавон гуфт, мулоқоти сарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бо фармондеҳони пешин Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров иҷрои ҳамин пешниҳод аст?

Ин ҳам дар ҳоле ки дар гузашта дар чунин ҳолатҳо ҳукумат ҳаргиз ба гуфтушунид нарафта, балки сирфан аз нерӯ кор гирифтааст. Чи дар тобистони соли гузашта дар Тавилдара, чи солҳои пеш дар рӯёрӯӣ бо фармондеҳони зиёди саркаш дар манотиқи дигар. Бо ин роҳ давлат ба нуфузи онҳо хотима гузоштааст.

Аммо узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Сайидумар Ҳусайнӣ, ки барои мулоқот бо интихобкунандагон ба ин минтақа омада буд, низ мегӯяд, аз забони Шоҳ Искандаров шунидааст, ки ҳадаф аз ин иқдоми ҳукумат ҳамкорӣ бо фармондеҳон аст. Вай вазъи куллиро дар минтақа "зоҳиран ором" унвон кард.

Бархе аз тафсилоти мулоқоти сарони ниҳодҳои қудратӣ бо фармондеҳонро ноиби аввали Додситони кулли Тоҷикистон, Абдуқодир Муҳаммадиев ошкор кардааст.

Ба қавли вай, гуфтушунидро асосан Шоҳ Искандаров пеш мебурд ва итминон дод, ки дар ивази дахолат накардани давлат ба ҳаёти мардум, эътидол дар минтақаро таъмин хоҳад кард.

Ҳамзамон, ба гуфтаи Муҳаммадиев, фармондеҳи пешин тазмини афви раисиҷумҳурро ёдовар шудааст. Манзур, ваъдаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ҷараёни сафараш ба Рашт дар моҳи октябри соли 2009 гуфт, кирдори гузаштаи фармондеҳонро дар муқобили халъи силоҳи онҳо бахшидааст.

Аммо ин афв дар сатҳи як ваъдаи шифоҳӣ боқӣ монд ва баъд аз муддате мақомоти давлатӣ гуфтанд, таҳқиқи парвандаи марги фармондеҳи Гурӯҳи таъиноти махсуси Вазорати умури дохилӣ Олег Захарченкоро, ки дар он фармондеҳ Аҳмадов, он вақт мудири бахши минтақаии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва шариконаш номбар мешавад, аз сар хоҳанд гирифт.

Оё таҷаммуъи нерӯҳои идомаи амалиёти "Кӯкнон-2009" нест?

Ба ин тартиб, ҳарчанд мақомоти давлат боздошти зиндониёни фирорӣ ва торумори гурӯҳи мусаллаҳи Мулло Абдуллоро ҳадафи таҷаммӯи нерӯҳо дар Рашт медонанд, фармондеҳони маҳаллӣ нигаронанд, ки амалиёти "Кӯкнор - 2009" акнун ба зодбуми онҳо кӯчидааст.

Шореҳи сиёсии рӯзномаи "Время новостей", чопи Маскав, Аркадий Дубнов мулоқоти сарони ниҳодҳои қудратии кишвар бо фармондеҳони собиқро аломати он медонанд, ки ҳукумат на ба ҳамаи минтақаҳо назорати комил дорад:

"Ин худ далел аст, ки ҳукумат медонад, бе ҳамкорӣ бо фармондеҳони собиқ ба тамъини эътидол қодир нест. Ин як баҳои умумист. Аммо ба таври хоса бояд гуфт, минтақаҳое ҳаст, ки ба маълумоти ман, зери назорати яке аз ин ду фармондеҳ аст, ки дар мулоқот ширкат доштанд. Манзури ман Шоҳ Искандаров аст. Ҳадаф аз мулоқот, тафриқа дар байни мухолифон аст, то ки Душанбе бо ҷалби бахше аз онҳо битавонад дар мубориза бо бахши дигар дасти боз дошта бошад."

Ҷаноби Дубнов меафзояд, зери ибораи “бахши дигар”-и мусаллаҳон, вай Мулло Абдуллоро дар назар надорад, ҳарчанд аз эҳтимол дур нест, ки ин фармондеҳ ба Тоҷикистон баргашта бошад.

Манзури ҷаноби Дубнов, насли нави мухолифонест, ки дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 кӯдак буданд ва дар рӯҳияи мухолифат ба воя расидаанд. Онҳо мумкин аст, бо эътироз аз вазъи мавҷудаи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар дар зери дасти маҳбусони фирорӣ ҷамъ шаванд ва худро созмон диҳанд.

Чаро боз ҳам Тураҷонзода ?

Дубнов ба бозичаи дасти нерӯҳои беруна табдил ёфтани чунин нерӯро рад мекунад, вале рӯйдодҳои ахири шарқи кишвар ва ҳамлаи хабаргузории давлатии Тоҷикистонро ба Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони собиқи мухолифон, ҳалқаҳои як занҷир мешуморад.
"Ин ҳамла нишон медиҳад, ки Душанбе шояд талош дорад, худро аз эҳтимоли ваҳдати нерӯи мухолиф дар атрофи як чунин сарвар ва шахсияти машҳур, мисли Тӯраҷонзода ҳифз кунад. Ҳарчанд ман бовар надорам, ки худи Тӯраҷонзода чунин нақша дошта бошад, зеро борҳо эълом доштааст, ки намехоҳад вориди муборизаҳои сиёсӣ шавад ва мехоҳад, ҳамчун симои саршиноси элитаи тоҷик ва мардуми тақводори ин кишвар боқӣ бимонад."

Таҳлилгари тоҷик, Нуралии Давлат, баракс, бар ин аст, ки рӯйдодҳои шарқи Тоҷикистон ва ҳамла ба Тӯраҷонзода бо ҳам рабте надоранд.

Вай мегӯяд: “Дар гузашта ҳам борҳо аз оқои Тӯраҷонзода интиқод шудааст, аммо шояд як чиз манбаи нигаронист, ки ин бор хабаргузории расмии давлатӣ мақолаи беимзоеро ба нашр мерасонад.”

Ба эътиқоди ҷаноби Давлат, шояд бозие бузургтаре бо ширкати қудратҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ва Амрико ё дигарон дар ин ҷо ҷараён дорад.

Агар ақидаи ҷаноби Дубновро дар бораи заъфи ҳукумат дар шароити мавҷуда ба шумор гирем ва бар он биафзоем, ки дар ин пасманзар мақомоти давлат низ ба аъмоли як андоза шитобкорона даст задаанд, таҳлил ба сари суоли мушкилкушо бармегардад, ки оё Мулло Абдулло дар воқеъ вуҷуд дорад ё кайҳо ба як шабаҳи зарурие табдил ёфтааст, ки дар фурсатҳои лозим пайдо мешавад ва сипас ғайб мезанад?

Фармондеҳони Рашт бо Мулло Абдулло муносибати хуб надоранд

Сайидумар Ҳусайнӣ, узви порлумони тоҷик ва аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ягон далели ҳузури ӯ дар минтақа дар даст нест ва гузашта аз ин, фармондеҳони Рашт бо Мулло Абдулло муносибати хуб надоранд, чун дар гузашта бо ҳам даргир шудаанд.

Ҷаноби Ҳусайнӣ мегӯяд, чунин ҳолатҳо дар солҳои 1990 буд, ки бар пояи баҳонае ҳукумат зӯри худро намоиш медод. Вай амалиёти тобистони соли гузаштаро низ намуна овард, ки бар асари он шахси саршинос ва баномусе монанди Мирзо Зиёев ба ҳалокат расид ва даҳҳо нафар аз наздикони ӯ ба маҳбас кашида шуданд, ки оқибат ба ин ҳодисаи фирор аз боздоштгоҳ мунҷар гашт.

Вале бо истиқбол аз баргузории гуфтушуниди Рашт, Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик умедвор аст, ки дар ростои мушкилоти шадид, ҳамаи тарафҳо рӯ ба гузашт овардаанд ва ҳарчанд ин фармондеҳон дар якҷоягӣ низ тавони муқовимат бо ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмонро надоранд, ҳукумат тасмим гирифтааст, ба сулҳу субот бартарӣ диҳад.

Вале таҳкими субот дар ҳоле мумкин хоҳад буд, ки ҳукумат рӯ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ орад ва як ислоҳоти густардаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро оғоз кунад, ки сиёсати кадрӣ дар садраш қарор дошта бошад.

Аксари коршиносон ин пурсишро мушкил ва беҷавоб мешуморанд, ки агар Мулло Абдуллоҳ як шабаҳи пуч асту ҳадаф аз таҷаммӯи нерӯҳо “безарар” кардани Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов нест, чаро мақомоти давлат ба ин натиҷа расидаанд, ки маҳбусони фирориро бояд беш аз ҳама дар Рашт ва хоса Камароб ҷустуҷӯ кард?

Ва агар ҳадаф онҳоянд, қазияи Мулло Абдулло ба чӣ дард мехӯрад?
XS
SM
MD
LG