Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Роберт Гейтс аз ҷанг дар Афғонистон


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико мегӯяд, чунин ба назар мерасад, ки стротежии кишвараш дар ҷанги Афғонистон натиҷа медиҳад. Ӯ генерал Дейвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистонро нақли қавл кард, ки гуфтааст, баъди ирсоли 30 ҳазор сарбози изофии Амрико ба Афғонистон, талошҳо аз роҳи дуруст пеш мераванд. Роберт Гейтс, афзоиши теъдод ва беҳтар шудани нерӯҳои амниятии Афғонистонро мояи хушбинӣ хонд, ки бояд соли оянда масъулияти таъмини амниятро бар ӯҳда бигиранд: "Мо шоҳиди беҳбуди чашмгири Артиши Миллии Афғонистон ҳам аз назари теъдод ва ҳам аз назари сифат шудаем." Аммо Роберт Гейтс ҳамзамон ҳушдор дод, ки дар ҷанг бо Толибон сахтиҳои зиёде дар пеш аст ва ғолибан дар ин ҷангҳо сарбозони ҷавони ғарбӣ талаф хоҳан ёфт.
XS
SM
MD
LG