Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба зудӣ баррасӣ мешавад


Интизор меравад, ки Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар шаҳри Страсбург ҳафтаи оянда шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистонро алайҳи давлати Русияро баррасӣ кунад. Бино ба иттилоъи додгоҳ, шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, рӯзи 23 сенятбр баррасӣ мешавад. Искандаровро бо дархости мақомоти Тоҷикистон моҳи декабри соли 2004 дар Русия боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо карданд. Аммо баъди чанд рӯз ӯ ба таври асророомез дар Тоҷикистон пайдо ва боздошт шуд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, маъмурони амниятии Русияро ӯро рабуда ва ба мақомоти Тоҷикистон супурданд, ки ин “муносибати ғайриинсонӣ ва таҳвиномез” ва нақзи “ҳуқуқ ба озодӣ ва амният” аст. Дигар ин ки ба гуфтаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ӯ баъди интиқолаш ба Тоҷикистон барои андешаҳои сиёсиаш мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро, ки раиси собиқи ширкати давлатии “Тоҷикгаз” буд, соли 2005 бо гуноҳи ғорати амволи давлатӣ ва терроризм ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG