Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби аҳдномаи START дар кумитаи сенати Амрико


Кумитаи умури равобити хориҷии сенати Амрико рӯзи панҷшанбе, (START) аҳдномаи нави стротегии коҳиши силоҳҳои атомии миёни ин кишвар бо Русияро тасвиб кард. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, хост, “то тамоми сенат зудтар кӯмак карда ва аҳдномаи мазкурро тасвиб намояд». Барои тасвиби паймони нав раъй мувофиқи аз се ду ҳиссаи 100 узви сенат лозим аст. Барои ҳукми иҷро гирифтани Паймони коҳиши силоҳҳои стратегӣ миёни Русия ва Амрико, ҳам сенати Иёлоти Муттаҳида ва ҳам палатаи поёнии Думаи Давлатии Русия бояд онро тасвиб намоянд. Вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар сенати Амрико, мухолифи тасвиби паймонанд, зеро ба гуфтаи онҳо аҳднома, барномаҳои Амрико ҷиҳати истиқрори сипари дифоъи мушакӣ ва таҷдиди силоҳҳои атомии кишварро маҳдуд мекунад.
XS
SM
MD
LG