Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли сиёсатмадории табъидии Покистон дар Ландан


Як сиёсатмадори табъидии покистониро дар шаҳри Ландан дар назди хонааш куштаанд. Ҷасади Имрон Форуқ, раҳбари Ҳаракати Миллии Покистонро бо захмҳои теғ ва ҷароҳати сар пайдо кардаанд. Ин ҳизби мухолифи Толибон дар шаҳрҳои Карочӣ ва вилояти Синдҳ нуфузи зиёд доштааст. Имрон Форуқи 50-соларо, ки аз соли 1992 дар Ландан иқомат доштааст, аз тарафи маъмурони амниятии Покистон ба ҷиноятҳои сангин муттаҳам шуда ва мавриди пайгард қарор доштааст. Пулиси Бритониё ба таҳқиқи қазияи марги ӯ пардохтааст.
XS
SM
MD
LG