Пайвандҳои дастрасӣ

Се сарбози хориҷиро дар Афғонистон куштаанд


Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО аз ҳалокати се сарбози хориҷӣ дар ин кишвар хабар доданд. Дар баёнияи расмӣ омадааст, ҳарсе сарбоз рӯзи сешанбе дар ҳамла ва бомбгузориҳои ҷудогона дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд. Миллияти сарбозонро эълом накардаанд. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, аз соли равон то кунун 507 сарбози хориҷӣ дар Афғонистон кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG