Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба дафтари Мирҳусейни Мусавӣ дар Теҳрон


Торнамои Мирҳусейни Мусавӣ, раҳбари мухолифини Эрон хабар дод, ки нерӯҳои амниятӣ бо ҳамла ба дафтари кории ӯ, бархе аз компютер ва васоили мавҷуди онро бо худ бурдаанд. Торнамои “Калима”, юриши шаби чаҳоршанберо “мавҷи тозае аз фишору маҳдудиятҳо” алайҳи Мирҳусайни Мусавӣ хондааст. Ӯ, ки дар интихоботи ҷанҷолбарангези моҳи июни соли 2009 аз Маҳмуди Аҳмадинажод шикаст хӯрд, аз раҳбарони аслии Ҷунбиши сабзи Эрон боқӣ мемонад. Мирҳусайни Мусавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ, номзади дигари собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳури Эрон мегӯянд, дар интихобот ба хотири пирӯзии Аҳмадинажод тақаллуб шудааст, аммо мақомоти ҷумҳурии исломӣ ин иддаъоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG