Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Карзай ба аҳдаш барои музокирот бо Толибон


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, зимни боздид аз Покистон ба азми ҳукуматаш барои музокироти сулҳ бо Толибон таъкид кардааст. Зимни нишасти хабарии муштарак бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, Ҳомиди Карзай гуфтааст, ҳукумати Афғонистон ба аҳди худ барои музокирот бо Толибоне, ки аз терор ва ҳамкорӣ бо Ал-қоида даст кашидаад, собит аст. Афғонистону Покистон то чанд соли пеш муносиботи печидае доштанд, чун ҳукумати Ҳомиди Карзай, Покистонро дар ҳимоят аз Толибон, нооромкунандагони аслии Афғонситон муттаҳам мекард. Сафари ӯ ба Покистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ба ҷангҷӯёни Толиб ва Ал-қоида дар қаламрави Покистон назар ба ҳар вақти дигар бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG