Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори ӯзбак дар тӯҳмат айбдор мешавад


Хабарнигори бахши ӯзбакии “Садои Амрико” дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки иттиҳомоти марбут ба тӯҳмату бӯҳтони ӯ бепояву асос аст. Абдумалик Бобоев, хабарнигори қарордодии ин радио дар Ӯзбакистон ба нашри матолиби тӯҳматангезу хатарнок ба ҷамъят ва ҳамчунин барои убури ғайриқонунии марз айбдор мешавад. Зимни сӯҳбат бо бахши ӯзбакии радиои Озодӣ Бобоев айбмониҳои зидди худро бепоя хонд ва гуфт:

“Ман ба онҳо гуфтам, ки дар гузоришҳои худ рӯйдодҳоро мунсифона бозгӯ кардаам. Вале онҳо пофишорӣ доранд, ки ман гуноҳ дорам. Ман кӯшиш мекунам, ки дар додгоҳ иттиҳомоти зидди худро чун бепояву асос собит кунам”.

Дар сӯҳбат бо Озодӣ раиси бахши ӯзбакии “Садои Амрико” Ҷавдат Сайҳан аз Вашингтон гуфт, ки Бобоев як журналисти касбӣ буда рӯйдодҳои Ӯзбакистонро бетарафона ва мувофиқ ба ахлоқи журналистӣ, тавре ин радио тақозо мекунад, пӯшиш медиҳад. Таҳқиқи парвандаи журналист ҳафтаи гузашта шурӯъ шуда ва базудӣ тасмим шуд, ки ба додгоҳ фиристода шавад. Дафтари додситонии Тошканд аз Бобоев баёнияи хаттӣ гирифт, ки ӯ шаҳрро тарк нахоҳад кард. Ҳанӯз таърихи шурӯи муҳокимаи Бобоеви 41-сола маълум нест.
XS
SM
MD
LG