Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги Шекочихин аз нав таҳқиқ мешавад


Полиси Русия дубора ба таҳқиқи ҳодисаи марги журналист ва сиёсатмадор Юрий Шекочихин пардохтааст, ки ҳафт сол пеш дар шароити мармуз ҷони худро аз даст дод. Бар тибқи гуфтаи гурӯҳи тафтишотӣ Шекочихин ба эҳтимоли ғолиб кушта шудааст. Ин журналист бо нашрияи мухолифини “Новая газета” ҳамкорӣ мекард, ки дар он журналисти дигари кушташуда Анна Политковская кор кардааст. Муттафиқони Шекочихин мегӯянд, ки ба эҳтимоли ғолиб ӯ бар асари заҳролудшавӣ ҷони худро аз даст додааст, чунки роҷеъ ба фасоду ришват мақолаҳои зиёди танқидӣ менавишт.
XS
SM
MD
LG