Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти беҳдоштии вилояти Хатлон аз оғози маъракаи густурдаи воқифсозии мардуми водии Вахш аз хатари вируси H1N1, ё ба истилоҳ, зукоми хукӣ, хабар медиҳад.

Нусратулло Амиров, раиси Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд то ҳанӯз ангезаҳои ин бемории сироятӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба мушоҳада нарасидааст, бо назардошти гирифтории ҳазорон нафар дар ҷаҳон ба ин зуком ва васеъшавии ҷуғрофиёи он, эҳтимоли пайдоиш ва хуруҷи зукоми хукӣ дар Тоҷикистон ҳам хеле воқеӣ ба назар мерасад.

Маъракаи огаҳсозии ҷомеа

Ҷаноби Амиров афзуд, ҳадаф аз баргузории маъракаи огоҳсозии ҷомеа аз хатарҳои зукоми хукӣ, он аст, ки шумори ҳарчи бештари одамон барои муқобала бо вируси H1N1 омода бошанд:

Нусратулло Амиров, раиси Маркази рушди ҳаёти солим дар Хатлон
«Корҳои оммафаҳмониро барои эҳтиёт дар байни халқ ба нақша гирифтем, ки дар 15 шаҳру ноҳияи минтақа, дар ҷамоатҳо, бо кормандони ёрирасон, бо муаллимони мактабҳо, ихтиёриён мефаҳмонем. Варақаҳои иттилоотию огоҳсозиро паҳн мекунем, ки чӣ тавр бояд аз зуком, аз ҷумла вируси H1N1 пешгирӣ шавад, кӯдаконро чӣ гунна бояд аз ин хатарҳо ҳимоят намуд. Мо ҳамчунин тавассути баргузории озмунҳо мехоҳем бифаҳмем, ки то куҷо одамон натиҷагирӣ карда метавонанд, то куҷо огоҳ ҳастанд аз хатарҳои ҳамин зуком».

Ин ҳама дар ҳолест, ки масъулини ниҳодҳои беҳдоштии Хатлон таъкид мекунанд, ки хатари пайдоиши зукоми хукӣ дар Тоҷикистон ба маротиб бештар аз бурузи зукоми мурғӣ мебошад ва зукоми хукӣ аз рӯйи дараҷаи хатарзоияш шабеҳи зукоми мурғист, аммо заҳри вируси H1N1 бештар таъсирбахш будааст.

Ҳоло дар шӯъбаҳои амрози сироятии беморхонаҳои нисбатан бузургтарин қаламрави вилояти Хатлон катҳо ва ҳуҷраҳои эҳтиётӣ омода карда шудаанд ва дар сурати кашф гардидани вируси H1N1 дар бадани беморе, вай оҷилан дар чунин ҳуҷраҳо бистарӣ хоҳад шуд.

Таъмини бемористонҳо бо дору ва воксин


Ҳаким Худойбердиев, сарпизишки Маркази вогиршиносии Хатлон
Дар ҳамин ҳол, Ҳаким Худойбердиев, сарпизишки Маркази вогиршиносии вилояти Хатлон, мегӯяд, феълан ангезаҳо ё нишонаҳои бурузи зукоми хукӣ ва ҳамчунин зукоми мурғӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида намерасад. Ба гуфтаи ӯ, бо ин ҳам, муассисаҳои беҳдоштии Хатлон бо миқдори кофии доруву воксинҳои зидди зукоми хукӣ ва парранда, ҳамчунин фанноварии муосири табобати ин навъи бемориҳо таъминанд. Ҷаноби Худойбердиев афзуд, дар қиёс бо як соли пеш, ҳоло хавфи пайдоиши ин гуна бемориҳои мусрӣ дар Тоҷикистон дар миён нест, чун авзоъ таҳти контрол мебошад:

«Ҳоло нисбатан имконияти паҳншавии ҳамин вирус дар минтақаи мо маҳдуд шудааст, паст шудааст. Мо акнун барои муқобала бо хуруҷи вируси H1N1 омода ҳастем, на мисли соли гузашта, ки азбаски ин вируси нав буд бароямон, роҳҳои пешгирӣ ва рафъи ҳамин вирусро намедонистем, хатарнок буд. Ҳоло тамоми муассисаҳои табобатиро таҳти назорат дорем ва ҳеҷ як беморхона иттилоъ надодааст, ки бемореро бо нишонаҳои ҳамин вирус бистарӣ кардаанд».

Бо ин вуҷуд, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон ба хавфи пайдоиш ва гирифтории шаҳрвандони Тоҷикистон ба зукоми хукӣ таъкид мекунад. Нусратулло Амиров, раиси ин марказ, мегӯяд, бавижа занони ҳомиладор, кӯдакон ва одамоне, ки масунияти баданашон заиф аст, бештар бо хатари мубталошавӣ ба ин вирус рӯ ба рӯ ҳастанд:

«Пеш аз ҳама, модарони ҳомиладор, модароне, ки камхун ҳастанд, атфол, кӯдакони то 5-сола, одамоне, ки касалиҳои шадид неву дарозмуддат доранд, одаме, ки узви баданаш суст, баданаш ба вирусҳо муқобилият нишон дода наметавонад, касалмандҳо ва онҳое, ки аз норасоии витаминҳо дар баданашон азият мекашанд. Ин хел одамон бештар бо хатари гирифторшавӣ ба зукоми хукӣ мувоҷеҳ ҳастанд».

"Ягон бемори зукоми хукӣ сабт нашудааст"

Ба иттилоъи мақомоти беҳдоштии Хатлон, то имрӯз ягон мавриди ибтилои сокинони маҳаллӣ ба зукоми хукӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар оғози соли ҷорӣ Самариддин Алиев, раиси Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, гуфта буд, ҳеҷ як нафар аз гирифторӣ ба бемории зукоми хукӣ, ё вируси H1N1, дар қаламрави ин кишвар нафавтидааст. Ба гуфтаи ӯ, 23 нафаре, ки ҳамчун мубтало ба зукоми хукӣ дар Тоҷикистон сабт шуда буданд, табобат ёфта, саломат ҳастанд.

Бо чунин ҳол, ба иттилои манобеъи наздик ба раёсати ҳифзи тандурустии Хатлон, то ҳол кадом як барномаи хосе дар вилояти Хатлон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз пайдоиши зукоми хукӣ таҳия нагардида ва маблағе ҳам ихтисос дода нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки, масалан, барои иҷрои барномаи пешгирӣ аз зукоми мурғӣ дар Тоҷикистон ду сол қабл 5 миллион доллари амрикоӣ ихтисос ёфта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG