Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти қудратии Тоҷикистон баргузории мулоқот бо фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар водии Раштро таъйид ё такзиб накарданд. Ба иттилои ғайрирасмӣ, ин мулоқот рӯзи гузашта дар идораи ҳукумати ноҳияи Рашт баргузор шуда, дар он, ба гуфтаи ҳамин манобеъ, ҷониби ҳукумат амнияти фармондеҳони собиқро кафолат додааст.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, сафари мақомот ба Раштро таъйид кард, аммо дар бораи музокироти онҳо бо фармондеҳони собиқ ва мавзӯъҳои мавриди баҳс иттилоъе надод:

«Дар ҳақиқат вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон генерал-полковники милиса Абдураҳим Қаҳҳоров бо сафари корӣ ба минтақаи Рашт рафта буданд ва дар ин ҷо бо рафти амалиёти боздошти фирориёне, ки аз маҳкамаи муваққатии тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шинос шуданд. Барои боздошти онҳо, ки дар он ҷо аз ҳисоби Ситоди фаврӣ фаъолият доранд, дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунон бо вазъи ҷиноӣ дар минтақа ошноӣ пайдо карда, барои пурқувват намудан ва боздошти фирориён дастуру супоришҳои мушаххас дод».

Як манбаъ дар вазорати дифоъи Тоҷикистон низ гуфт, ки Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи кишвар, барои ошноӣ бо вазъи ҷузву томҳои низомӣ сафари кориеро дар Рашт анҷом дод. Ин манбаъ низ ҳақиқати як чунин музокиротро такзиб накард.

Тавофуқ бо фармондеҳони собиқ

Ба гуфтаи манбаъҳои ғайрирасмӣ, намояндагони қудратӣ бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин мулоқот кардаанд
Гуфта мешавад, ки дар ин музокирот Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохила, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини додситони кулли Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумат ва Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров, фармондеҳони собиқи ИНОТ ширкат доштаанд.

Манобеъи наздик ба ҳукумат навиштаанд, Шоҳ Искандаров, фармондеҳи соҳибнуфуз дар минтақа, ваъда додааст, ки агар ҳукумат ба фармондеҳони собиқ кордор нашавад, дар минтақа субот пойдор хоҳад буд.

Хабаргузориҳо ҳамчунин аз қавли фармондеҳони собиқ гузориш доданд, ки дар музокирот мавзуъи мусоидат ба ошкор ва боздошт кардани Мулло Абдулло, собиқ фармондеҳи мухолифин дар миён будааст.

Саид Умар Ҳусайнӣ, муовини раис ва вакили Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон, ки ҷиҳати баргузории мулоқот бо раъйдиҳандагон дар водии Рашт сафар дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо Шоҳ Искандаров сӯҳбат доштааст ва мӯҳтавои музокироти масъулин бо фармондеҳон мусоидат ба боздошти Мулло Абдулло будааст:

«Бо Шоҳ дирӯз дар Ҳоит мулоқот доштему чанд лаҳза ҳамроҳаш будем. Гуфтем, «чӣ гап аст?», гуфт, «он қадар гапи ҷиддӣ не. Мақомот гуфтанд, ки Мулло Абдулло ба минтақаи шумо омадааст. Мо гуфтем, ки Муло Абдулло аслан ба Рашти мо намеояд, зеро мо алайҳи ӯ ҷангидаем. Ӯ бо мо соз нест, мо бо ӯ ва дигару дигар».

Тақозои кумак барои боздошти фирориён

Яке аз ҳадафҳои интиқоли нерӯҳо ба водии Рашт боздошти маҳбусони фирорӣ унвон мешавад
Яке аз муҷоҳидини собиқ дар Рашт, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, ҳайати ҳукуматӣ ба ҷуз мусоидат ба боздошти Мулло Абдулло ба фармондеҳон гуфтаанд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар қаламрави водӣ амалиёти боздошти фирориёнро мегузаронанд ва бо муҷоҳидини собиқ кор нахоҳанд гирифт.

Таҳлилгарони умури амният вуҷуди ин гуна музокирот ва дархости кумак аз фармондеҳони собиқ, ҷиҳати боздошти Мулло Абдулло ва зиндониёни фирориро ба нуфузи фармондеҳони собиқ дар минтақа вобаста кардаанд.

Расонаҳо аз қавли манобеъи худ дар ниҳодҳои амниятӣ навиштаанд, ки Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов дар водии Рашт соҳиби нуфуз ҳастанд ва ҳамзамон дар мулоқоти Рашт хостори афви худ шудаанд.

Парвандаи норушани куштори Захарченко

Қаблан вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом дошта буд, ки парвандаи куштори Олег Захарченко, фармондеҳи нерӯҳои зудамал ё ОМОН-и ин вазорат дар Рашт аз сар гирифта шудааст.

Фармондеҳи ҳукуматӣ моҳи феврали соли 2008 бар асари даргирӣ бо кормандони шӯъбаи мубориза бар ҷиноятҳои созмонёфтаи ноҳияи Рашт, ки сарвариашро Мирзохӯҷа Аҳмадов бар дӯш дошт, кушта шуда буд.

Онҳое, ки дирӯз аз мулоқоти мақомот бо фармондеҳони ахир хабар доданд, мегуянд, ки ахириҳо баъди мулоқот бисёр рӯҳбаланд ба назар мерасиданд. Аммо аз сӯи дигар амалиёти соли гузашта дар Тавидара, ки ба куштори Мирзо Зиёев, яке аз фармондеҳони мухолифин ва собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва чанд тани дигар анҷом ёфт, ба умеду эътимод ҷойгоҳи зиёд намедиҳад.

Саид Умар Ҳусайнӣ ҳам амалиёти моҳи июли соли гузашта дар Тавилдараро мисол овард, ки аслан бо баҳонаи пайдо шудани гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла гурӯҳи Мулло Абдулло дар Тавилдара шурӯъ шуд ва бо марги мармузи Мирзо Зиёев, фармондеҳи кулли собиқ ИНОТ ва ба зиндон кашидани 46 нафар ба анҷом расид:

«Накунад, ки ин ҷоҳоро ҳам Мулло Абдулло гуфта, ҳамин гуна кунанд. Агар не ҳеҷ касро мо вонахӯрдем, ки гуфта бошад, ҳо, ман ҳамон одамро дидам, вуҷуд дорад. Ҳеҷ кас ин гапро ҷиддан намегӯяд. Мисли ҳамон овозаҳои солҳои 92-ум аст, ки мегуфтанд, ин ҷо фалонӣ омадааст, аммо ба ғорат машғул мешуданд».

Шабаҳи Мулло Абдулло дар Рашт

Оқои Ҳусайнӣ ҳамчунин аз боздошти ахири Ҳусниддин Давлатов, намояндаи Шӯрои маҳаллии ин минтақа, ёдовар шуд ва гуфт, иттиҳоми аслии мақомоти амниятӣ алайҳи Давлатов ин аст, ки ӯ дар Душанбе барои размандагони Мулло Абдулло либоси низомӣ харидааст.

Хабари ворид шудани Мулло Абдулло аз Афғонистон ба Шарқи Тоҷикистон ҳануз соли гузашта пайдо шуд. Он замон як корманди собиқи амният ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Мулло Абдуллои Камонгаронӣ 30 майи соли 2008 бо размандагонаш вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар минтақаҳои Тавилдара ва Камароби Рашт ба сар мебарад. Ба қавли ӯ, «Ал-қоида» барномаи бунёди пойгоҳ дар кишварҳои суннимазҳаби Осиёи Марказиву Чину Русияро рӯи даст гирифтааст. Ӯ гуфт, Мулло Абдулло аз сӯи сарварони ин созмон раҳбари бахши тоҷикистонӣ таъин шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар посух ба суоли мо, ки «оё то ҳол ягон амалиёте дар Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳи Мулло Абдулло созмон ёфтааст?» касе иттилое надод.

Мулло Абдулло, аз собиқ размандагони ИНОТ аст, ки баъд аз Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ дар Тоҷикистон ҳам бо ҳамсангарон ва ҳам бо ҷониби ҳукумат мадоро накард ва ба Афғонистон гузашт. Мақомоти Афғонистон ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва коршариконаш Толибон ва Ал-қоида пайвастани Мулло Абдуллоро таъид кардаанд. Солҳои баъдӣ дар бораи ӯ ахбори зиддунақизе пахш мешуд. Бар пояи як хабар, гӯё Мулло Абудлло ҳангоми амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон кушта шудааст ва хабари дигар ҳам ин аст, ки ба асорати нерӯҳои амрикоӣ афтода, дар маҳбаси Гуантанамо ба сар мебурд. Ҳоло низ касе аз манбаъҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ таъйид намегунад, ки Мулло Абдулло зинда аст ё хайр.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG