Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе пас аз пирӯзӣ дар бозиҳои ҷавобии ниманиҳоӣ ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2010 роҳ ёфтанд.

Хуҷандиҳо дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ дар меҳмонӣ бар тими лигаи аввал - «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Бозии аввали ниманиҳоӣ низ бо ғалабаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 4:3 анҷом ёфта буд.

Дар бозии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ, ки 16-уми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» баргузор шуд, мизбонон бо ҳисоби 4-1 ғалаба карданд. Голҳоро аз дастаи «Регар-ТадАЗ» Жаилтон Оливейра (дақиқаҳои 10, 35 ва 47-ум) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (54-ум) заданд. Як голи меҳмононро Александр Франк дар дақиқаи 27-ум ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал «Истиқлол» дар майдони худ бо ҳисоби 3-0 ғолиб омада буд. Аз рӯи низомномаи мусобиқот як голи дар меҳмонӣ задаи «Истиқлол» дучанд ҳисобида мешавад. Бинобар ин «Истиқлол» ба финал баромад.

Ба ин тартиб дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2010 талош хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG