Пайвандҳои дастрасӣ

Онишенко ба воксинзании зидди фалаҷ даьват кард


Сардухтури беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко батаъкид аз волидон тақозо кардааст, ки фарзандони худро зидди фалаҷи атфол эм кунанд. Интерфакс менависад, вай зимни як нишасти хабарӣ дар Маскав рӯзи панҷшанбе гуфт, “мо бо хатари воқеӣ рӯбарӯ шудаем. Дар Тоҷикистон ҳоло беш аз 460 ҳодисаи гирифторӣ ба фалаҷи атфол ба қайд гирифта шудааст”. Онишенко гуфт, ки баъзе волидон аз эмкунии фарзандонашон зидди ин сирояти, ба қавли ӯ, бесобиқаи асри 21 худдорӣ мекунанд. Вай мегӯяд, дар Русия 50 ҳазор тифл бидуни воксин ба сар мебурданд, вале ходимони тиб тавонистанд 16 ҳазор нафари онҳоро водор кунанд, ки аз ин фикри худ гарданд. Аз ин пеш Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ки Тоҷикистон метавонад мақоми кишвари бидуни полиомиелит будани худро аз даст диҳад. Ин созмон гуфтааст, ки густариши сирояти фалаҷи кӯдак хатарнок мешавад.
XS
SM
MD
LG