Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари бесобиқаи Попи Рум ба Бритониё


Попи Рум Бенедикти 16 имрӯз бо як сафари чаҳоррӯзаи давлатӣ вориди Бритониё шуд. Бенедикт нахустин раҳбари калисои католики Рум аст, ки бо сафари расмӣ вориди ин кишвар мешавад. Поп имрӯз вориди Эдинбурги Шотландия шуд ва дар ин ҷо қарор аст мулоқоти ӯ бо малика баргузор шавад. Сафари мазкур бо ҳадафи пешбурди равобити ҳасанаи миёни калисои католики Рум ва Инглистон карда мешавад. Вале ба ин сафари поп ҷанҷолҳои марбут ба равобити ҷинсӣ ва ҳамчунин мухолифати ӯ ба ҳамҷинсгароӣ, суқути ҷанин ва истифодаи рифола барои ҷилавгирӣ аз СПИД соя афкандааст. Афзун ба ин, дирӯз як мушовири аршади поп кардинали олмонӣ Валтер Каспер гуфт, ки Бритониёи замонавӣ ба як кишвари ҷаҳони сеюм шабоҳат дорад, ки “атеизми шадид”-ро парастиш мекунад. Чанде баъд Ватикан гуфт, ки оқои Каспер бо сабаби бемориаш аз сафари Бритониё худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG