Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ду афғон аз ҷониби сарбозони НАТО


Полиси Афғонистон гуфт, ки имрӯз баъди он ки ду эътирозгари оташзании Қуръон дар ИМА кӯшиш кардан дар ҷануби Афғонистон вориди пойгоҳи НАТО шаванд, кушта шуданд. Гулобхон Вардак, муовини раиси вилояти Урузгон гуфт, ки ҳазорҳо нафарон ба хиёбонҳои вулусволии Чура баромада бо шиорҳои зиддиамрикоӣ ба ҷониби пойгоҳи НАТО санг партоб карданд. Вардак афзуд, ки ҳангоми кӯшиши ба пойгоҳ ҳамла кардани эътирозгарон сарбозони НАТО ба ҷониби онҳо оташ кушоданд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳанӯз вокуниши НАТО ба ин ҳодиса дар даст нест.
XS
SM
MD
LG