Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯҳдадориҳои ИМА дар баробари Фаластин бетағйиранд


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз дар мулоқот бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар Рамуллоҳ бори дигар пойбанд будани ИМА-ро ба ӯҳдадориҳояш дар заминаи бунёди як давлати мустақил ва коромади Фаластин такрор кард. Хонум Клинтон бо як сафари дурӯза меҳмони раҳбарони Фаластину Исроил шудааст. Вай қаблан ҳангоми боздидаш аз Мисру Исроил гуфт, ки Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба ҳалли масоили мавриди баҳси ҳамдигар шурӯъ карданд. Аммо то ҳанӯз нишонаи кадом пешравие дар ҳалли баҳсҳо сари бунёди шаҳракҳо дар Каронаи Ғарбӣ ба чашм намерасад. Фаластиниҳо таҳдид кардаанд, дар сурате, ки Исроил мӯҳлати бунёди шаҳракҳоро, ки то охири ин моҳ масдуд шудааст, тамдид накунад, ҷараёни музокираро тарк хоҳанд кард. Баъди танаффуси 20-моҳа сентябри имсол дар Вашингтон дубора гуфтугӯҳои рӯбарӯи раҳбарони Исроилу Фаластин шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG