Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд пас аз пирӯзӣ дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2010 роҳ ёфт.

Хуҷандиҳо дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ дар меҳмонӣ бар тими лигаи аввал - «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Бозии аввали ниманиҳоӣ низ бо ғалабаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 4:3 анҷом ёфта буд.

Дастаи «Хуҷанд» дар бозии ниҳоӣ, ки 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, бо ғолиби ҷуфти «Истиқлол»-и Душанбе -«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон талош хоҳад кард.

Бозии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ 16-уми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал «Истиқлол» дар майдони худ бо ҳисоби 3-0 ғолиб омада буд.
XS
SM
MD
LG