Пайвандҳои дастрасӣ

Тақдими 141 миллион доллар барои бунёди хатти барқ


Имрӯз дар Душанбе маросими тақдими 122 миллион доллар ба Тоҷикистон аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои бунёди ду хати интиқоли барқ баргузор шуд. Азия-плюс менависад, зери ин санад вазири молия Сафаралӣ Нажмиддинов, раиси шаркати Барқи тоҷик Абдулло Ёров ва иҷрокунандаи вазифаи раҳбари доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷорҷи Токешӣ имзо гузоштанд. 19 миллион доллари дигари мавриди ниёзи ин тарҳро Тоҷикистон пардохт мекунад. Ҳаҷми куллии ин тарҳ 141 миллион доллар баровард шудааст. Дар чаҳорчӯби ин созишнома бояд ду хати баландшиддати барқ дар самҳои Қайроқум-Ашт ва Ҳирот-Ҷалолиддини Румӣ бунёд шавад, ки ҷараёни интиқоли барқ ба Афғонистонро осон хоҳад кард. Қарор аст то 25 феврали cоли 2015 ин тарҳҳо сохта ба истифода дода шаванд. Оқои Токешӣ дар маросими имзои созишномаи нав гуфт, ин бузургтарин маблағест, ки ба Тоҷикистон дар як вақт тақдим шудааст.
XS
SM
MD
LG