Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба бойкоти интихобот даъват карданд


Ҷангиёни Толибон ба бойкоти интихоботи парлумонии Афғонистон даъват карданд, ки бояд рӯзи 18 сентябр баргузор шавад. Бо пахши изҳороте, ҷангиёни Толибон раъйдиҳии рӯзи шанберо як “ҷараёни ғайриқонунӣ” номида ишора карданд, ки барои пешгирӣ аз баргузории он аз тадбирҳои мушаххас кор хоҳанд гирифт. Дар пешорӯи интихобот Толибон даҳҳо ҳамла анҷом дода аз ҷумла чанд номзад ва таблиғгарони интихоботиро куштанд. Бо вуҷуди ин, мақомот умед доранд, ки метавонанд сокинони кишварро дар амну безарар барпо шудани интихобот мутақоид созанд. Дар саросари Афғонистон ҳудудан панҷ ҳазор маркази овоздиҳӣ боз мешавад. Барои бурдани 249 курсии маҷлиси поёнии парлумон беш аз 2500 номзад мубориза хоҳанд бурд. Баъди нӯҳ соли пеш аз қудрат дур шудани Толибон ин дуюмин интихоботи парлумонии Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG