Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, аз рӯи ҷамъбасти мусобиқоти даъвати ҷаҳонии Созмони байналмилалии варзишҳои майдонӣ (IAAF World Hammer Throv Challenge) дар ҷои дуввум қарор гирифт.

Ин мусобиқот аз 11 давр иборат буд. Дилшод, ки дар ҳафт даври мусобиқот ширкат варзид, 236.02 имтиёз ба даст овард.

Коҷи Мурофуши ҷопонӣ бо 238.52 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Вай ҳарчанд ҳамагӣ дар се даври мусобиқот иштирок карда бошад ҳам, дар мавсими имсола натиҷаи беҳтарин нишон дод – 80 метру 96 сантиметр. Гурзандози Словакия Либор Чафрайтаг бо 235.26 дар ҷои саввум қарор гирифт.

Дилшод Назаров, ки аз натоиҷи ба даст овардааш дар мусобиқоти имсола қаноатманд аст, дар айни ҳол ба Бозиҳои XVI осиёӣ, ки аз 12-ум то 27-уми ноябр дар шаҳри Гуанҷоуи Чин баргузор мешаванд, омодагӣ мебинад.
XS
SM
MD
LG