Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз СБП кӯмаки пулӣ гирифт


Шӯрои иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул имрӯз бо ироаи 451 миллион доллар қарз ба Покистон барои муқобила бо паёмадҳои обхезиҳои шадид мувофиқат кард. Ин ниҳод мегӯяд, ки кӯмаки мазкур билофосила пешкаш мешавад. Обхезиҳои ахир асосан ба риштаи кишоварзии Покистон зарба задааст, ки 21 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилии онро ташкил дода 45 дар сади мардуми қобили корро бо шуғле таъмин мекунад. Аднон Мазораӣ, раҳбари ҳайати Сандуқи байналмилалии пул дар Покистон тавассути як навори видеоӣ гуфт:

“Ин фоҷеаи бузургҳаҷм ҳам аз назари талафоти ҷонӣ ва ҳам аз лиҳозӣ хисороти иқтисодӣ аст. Бар асари обхезиҳо 19 миллион мардум зарар диданд, ки ин даҳ дар сади аҳолиро ташкил медиҳад. Ду миллион хона хароб шудааст. Мо медонем, ки кишоварзӣ шадидан осеб мебинад ва аз ин рӯ, чунин ҳисоб кардем, ки рушди иқтисодии Покистон имсол на 4,5 дар сад балки 2,75 фоиз хоҳад шуд.

Кӯмаки Сандуқи байналмилалии пул ба иловаи як миллиард доллар кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ироа шуд, ки ба ҳукумати Покистон барои муқобила бо паёмадҳои офатҳои табиӣ пешкаш шудааст.
XS
SM
MD
LG