Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷеае дар Туркия ҷони 8 касро гирифт


Матбуоти Туркия мегӯяд, ки бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар ҷанубушарқи ин кишвар ҳашт мусофири як минибус кушта шуданд. Тибқи гузоришҳо, мақомот дар ин кор ҷангиёни ҳизби коргари Курдистонро муттаҳам мекунанд. Ин гурӯҳ аз аввали солҳои 1980 барои дастёбӣ ба мухторияти Курдистон мубориза мебарад. Минибус дар минтақаи Ҳаккарии воқеъ дар марзи Ироқу Эрон ҳаракат мекард. Се нафар аз ин таркиш ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG