Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек қимати иҷораи пойгоҳи русиро боло мебарад


Вазири дифои Қирғизистон гуфт, ки ин кишвар аз Русия пардохти қобили мулоҳизаи ҳаққи истифодаи пойгоҳи низомиашро тақозо мекунад. Русия чаҳор объекти низомӣ, аз ҷумла фурудгоҳашро дар Кант, беруни Бишкек ҷойгир кардааст, ки зери назари созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ амал мекунад. Вазири дифоъ Ҳабибулло Худойбердиев гуфт, ки ният дорад қимати иҷораро аз чору ним миллион доллари феълӣ, ба гуфтааш “ду то се баробар” афзоиш диҳад. Худойбердиев, ки баъди мулоқот бо ҳамтои русаш Анатолий Сердюков тоза аз Маскав баргаштааст, мегӯяд, Русия метавонад қарзашро дар пеши Қирғизистон аз роҳи додани силоҳ канад. Вай мегӯяд, ки ҳаҷми қарзи Русия феълан ҳудудан шаш миллион долларро ташкил медиҳад. Дар айни замон Худойбердиев афзуд, ки ҳанӯз музокираҳо идома дошта ҳеҷ созише дар заминаи пойгоҳ ё қарз ҳосил нашудааст.
XS
SM
MD
LG