Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозори рекламаи Тоҷикистон ҳарчанд ғанӣ аз таблиғоту огаҳиҳои тиҷоратӣ аст, вале ҳамоно дар муқоиса ба бозори рекламаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ даромади камтар дорад. Ин хулосаи пажӯҳиши созмони назарсанҷии «Зеркало»мебошад, ки ба омӯзиши афкори ҷомеъа машғул аст.

Ин пажӯҳиш, бозори таблиғоти тиҷоратиро дар расонаҳои чопи моҳи июни кишвар хулоса кардааст.

«Зеркало» мегӯяд, ки мизони даромади расонаҳо аз реклама, тобистони имсол мисли соли гузашта буда, гардиши маблағ дар ин бозор моҳе 3, 1 миллион сомонӣ баробар ба 713 ҳазор доларри амрикоиро ташкил додааст. Дар муқоиса, дар Русия ҳаҷми бозори реклама дар як моҳ 600 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Телевизион-пешсафи майдони пахши реклама

Таҳқиқот ҳокист, ки бахши муҳими реклама, яъне 50 дар сади он тавассути телевизион пахш мешавад. Саҳми матбуот дар ин бахш 22 дарсад будааст.

Фирдавс Кулиев- раҳбари шӯъбаи баҳодиҳии рекламаи маркази «Зеркало» мегӯяд, онҳо истифодаи рекламаро дар васоити ахбори умум ва овезаю банерҳо таҳлил кардаанд:

«Мақсад аз таҳқиқоти мо, муайян кардани бозори реклама буд. Мо дар оянда нақша дорем, ки ҳамин лоиҳа пеш равад ва рекламадиҳандагони Тоҷикистонро ба ин бозор ҷалб кунем».

Ба назари ҷаноби Қулиев, дар маҷмӯъ соҳибкорони хурд ва шаҳрвандон ба додани реклама дар ҳафтаномаҳо бартарӣ медиҳанд, чун қимати дастрас доштааст.

Пажӯҳиш низ муайян кардааст, ки дар як моҳ дар 23 номгӯйи нашрияву ҳафтаномаҳо беш аз 1200 матни тарғиботӣ нашр шудааст.

Аз ҳама ҳафтаномаи маъруф ва муваффақ дар бозори реклама, «Рекламная газета» бо 43 дарсад, баъдан «Азия плюс», «Дайҷест Пресс», «Садои мардум» ва «Ҷумҳурият» маҳсуб мешаванд.

Бештари рекламаҳо ҳанӯз ба забони русӣ аст

Маълумоти ҷолиби дигар ин аст, ки бо вуҷуди гузашти 21 сол аз қабули қонуни забони давлатӣ, боз ҳам дар 70 дарсади ҳолатҳо, рекламадиҳандаҳо пахши маълумотро ба забони русӣ бартарӣ медодаанд.

Зарина- раҳбари бахши рекламаи маҷалаи "VIP zon"
Зарина, раҳбари бахши рекламаи маҷалаи «VIP zon» гуфт, маъмулан дар маҷаллаҳои боэътибор, ширкатҳои бонуфуз ба хотири фаромӯш нашуданашон, маҳсулот ё номи ширкаташонро тарғиб мекунанд. Аммо маъмулан онҳо худ рекламадиҳандагонро ҷустуҷӯ мекунанд. Зарина афзуд:

«Ман алакай 4 сол аст, ки дар ин соҳа кор мекунам ва албата дар ин муддат бозори рекламаи Тоҷикистон бо суръати баланд рушд мекунад. Чаҳор сол қабл аксари сокинон ҳатто чӣ будани рекламаро намедонистанд. Ба онҳо муҳтаво ва зарурати онро фаҳмонидан зарур буд. Ҳоло бошад, онҳо алакай медонанд, ки ҳафтанома ва маҷалаҳо мавҷуданд, бояд барои харидор ёфтану муввафақ будан аз реклама истифода баранд. Ҳарчанд ҳанӯзам мо онҳоро барои реклама додан даъват мекунем.
Аз реклама, буҷаи кишвар даромади хуб мегирад. Ҳарчанд ҳоло баъзе монеъаҳо мавҷуд аст-барои мисол дар телевизион тарғиби телефонҳои мобилиро иҷоза намедиҳанд. Аммо ин ба чӣ бастагӣ дорад, ҳукумат посухи дақиқ намедиҳад».


Аммо аксари сокинони пойтахт, дар ин замина мегӯянд, онҳо маъмулан ба реклама ва тарғиботе таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, ки таввасути телевизион, радио пахш гардад ва ё дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар шакли овезаҳо бо аксҳои ҷолиб инъикос меёбанд:

«Мувофиқи зарурият мебел лозим бошад, ба мебел аҳамият медиҳем. Агар дар телевизион реклама бошад хубтар аст, нағз тамошо мекунӣ.»

«Ман бештар радио гӯш мекунам, ҳоло мавсими сохтмон, ки ҳаст барои ман бештар тарғиби масолеҳи сохтмонӣ ҷолибтар аст».

Пажӯҳиши маркази «Зеркало» оид ба омӯзиши бозори реклама, муайян кардааст, ки 65 дарсади рекламаҳо аз ҷониби ширкатҳои тиҷоратӣ пешниҳод шуда, ҳамагӣ 19 дарсад аз сӯйи корхонаҳои давлатию созмонҳои ҷамъиятӣ ва 13 дарсад аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ ҷойгир шудаанд.

Соҳибкорон аз таблиғ худдорӣ мекунанд

Аз ҳама бештар ширкатҳои хадамотӣ мобилӣ ва фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар ин бозор маблағ сарф кардаанд, ки харҷи ҳар кадоме аз онҳо ба ҳисоби миёна 10 000 сомонӣ ҳисоб шудааст.

Шарифи Ҳамдампур-- раҳбари куллӣ ширкати нашаротии «Оила»,
Дар ҳамин ҳол Шарифи Ҳамдампур, раҳбари куллӣ ширкати нашаротии «Оила» гуфт, бо пешрафти ҳарчи бештари кишвар, бозори таблиғоти тиҷоратии он ҳам тавсеъа меёбад.

Шарифи Ҳамдампур афзуд, соҳибкорони тоҷик мушкилӣ зиёд барои ворид ва содир кардани маҳсулот ба кишвар доранд, ки яке аз сабабҳои он, дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштани Тоҷикистон аз ҷонибӣ кишвари ҳамсоя аст.

Баъдан, монеъаҳои бюрократӣ дар пешбурди соҳибкории хурду миёна, сабаби дигари коҳиш ёфтани реклама дар бозори Тоҷикистон мешавад.

Оқои Ҳамдампур афзуд, ки ҳанӯз ҳам аз тарси мақомоти тафтишотӣ соҳибкорон, номаълуму пинҳонӣ бурдани кори худро афзал мешуморанд.

Вай умедвор аст, ки бозори реклама дар Тоҷикистон, бо гузашти ду соли маҳдуд шудани ҷараёни тафтиши фаъолияти соҳибкорон, гарм хоҳад монд:
«Имрӯз тамоюли паст шудани бозори реклама вуҷуд дорад. Бисёр корхонаҳое буданд, ки то анҷом ёфтани маратория фаъолияти худро қатъ карданд. Аз тафтиш ҳарос доранд. Албата ин ду ҷониб дорад. Аз як сӯ, шояд ин ширкатҳо шаффоф кор намекарданд, ки аз тафтиши хадамоти андоз метарсанд. Аммо аз сӯи дигар, дар натиҷаи як пажӯҳиш мо муайян кардем, ки шумори тафтишгарон сари ҳар як соҳибкор то 20 нафар рост меояд. Ҳамаи онҳо вақте меоянд, масъалаи аввале ки ба миён меояд, фикр мекунам танҳо манфиати ҷомеъа не, балки манфиатҳои шахсии онҳо низ дар миён аст. Ҳароси ҳамин чиз боис ба он гаштааст, ки бисёри соҳибкорони мо ба пинҳонкорӣ гузаштаанд, аз додани реклама худдорӣ мекунанд».

Аз байн бурдани монеъаҳои сунъӣ, назорати беҳуда ва дигар сарбориҳои соҳибокорон барои рушди бозори рекламаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, меафзояд Шарифи Ҳамдампур.

Чун реклама дар кишварҳои пешрафта як бахши аслии иқтисодиёти онҳо маҳсуб меёбад ва ин кишварҳо аз андозҳои бозори реклама ва фоидаи соҳибкорон аз тиҷорати муваффақ, фоидаҳои зиёд ба даст меоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG