Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи ҳафтаномаҳои Душанбе


Посухи Ҳоҷӣ Акбари Турҷонзода ба хабаргузории расмии "Ховар", идомаи ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ ва таҳдиди терроризм ба Тоҷикистон аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе аст.

«Озодагон» дар як матлабе зери унвони "Таҳдиди терроризм ба Тоҷикистон воқеият дорад?" нигоштааст, ки ҳодисаҳои моҳи охир масъалаи сода нест, зеро сухан аз боби амнияти миллату ватан меравад.

Савфат Бурҳонов дар посух ба ин аз пурсиши нашрия гуфтааст, ки тероризм ин ҷанги ақлист. Ҳоло усули ҷанг тағийр ёфтаст ва тактикаи ҷангии замонҳои қадим дигар истифода намешавад. Ҳоло ҷангҳои ақлӣ мақоми хосаро касб кардаанд. Аммо мусулмонон аз ҳисоби он, ки ақл надоранд, дар ин ҷангҳо мағлуб мешаванд. Зеро мо мусулмониро на аз рӯи «Қуръон» ва дин қабул кардаем, балки бо боварӣ гуфта метавонам, ки аз 98 дарсади мусулмонони Тоҷикистон 97 дарсадаш «Қуръон»ро варақ назадаааст. Мо мусулмониро не, балки тарзи зиндагии араби бодниянишини беақлро омӯхтаем.

«Фараж» дар матлабе зери унвони «Сарқонун догма нест", навиштааст, ки вақти ислоҳоти он дар масъалаи дунёвӣ, бисёрзанӣ ва дигар масоили вобаста ба дин расидааст. Муаллифи матлаб суол гузоштааст, ки «оё Сарқонуни Тоҷикистон ба воқеияти кишвар мутобиқ аст?" Муаллиф гуфтааст, ки ҳоло зарурати ислоҳ ва даровардани ислоҳот ба Сарқонуни фаро расидааст. Мисол дар Сарқонун модаи 33-ум бисъёрникоҳӣ манъ карда шудааст. Воқеъият дар ҷомеаи Тоҷикистон чӣ гуна аст? Ба андешаи ман, тақрибан 30 дарсади мардони мо соҳиби 2 ё 3 зан мебошанд, шояд аз ин ҳам зиёд дошта бошанд. Шумораи кормандони давлатие, ки 2 ва ё 3 зан доранд кам нестанд.

Ҳамин ҳафтанома дар матлаби дигар бо номи «Шиканҷа» навиштааст, ки соли 2005 Лигаи занони ҳуқуқшинос дар якҷоягӣ бо хазинаи ҷамъиятии «Панорама» тадқиқот гузаронид, ки дар он 200 нафари ба шиканҷа гирифторшуда пурсида шуданд. Зиёа аз 60 дарсади пурсидашудагон изҳор намуданд, ки ба таҷовуз аз ҷониби кормандони фаврӣ ва муфаттишон гирифтор шудаанд.

«Миллат» дар матлабе бо номи "Кӣ муфтӣ мешавад, Ҳоҷӣ Исмоил, Ҳоҷӣ Акбар ё Кабирӣ?", навиштааст, оё ба симати муфтӣ шахсе ба мисли Ҳоҷи Исмоил, бахусус дар ин авохир дар амрҳои маъруфаш зиёд таблиғи ҳукуматро мекунад ва ришаш покиза тарошида шудааст , метавонад бошад? Зеро риш аз нигоҳи аксарият дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар ҷанбаи динӣ дорад ва дар гузашта барои намондани риш аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ низ зиёд интиқод мешуд, ки ахиран ӯро дар маҳофил бо риш дидан мумкин шудааст. Риш мондани Кабирӣ сару садоҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимоли таъин шудани ӯ ба симмати раиси Шӯрои уламои Тоҷикистонро матраҳ мекунанд.

«СССР» дар матлабе бо номи «Толибон дар Тоҷикистон» навиштааст, ки соҳиби риш шудани пешвои харизматики ҲНИТ аввали кор аст ва метарсам, ки ӯ бо дипломатияи қавие, ки дошт ба доми ин тоифа (меҳмонони Ғарбиеро ки ба Тоҷикистон меоянд ва бо Муҳиддин Кабирӣ вохӯри аҷном медиҳанд), наафтад. Муаллиф дар бораи сард шудани муносибатҳои охири ҳукумат бо ҲНИТ ёдовар шуда ва мегӯяд, вақте аъзои дигар ҳизбҳои сиёсиро барои даст доштан дар ҷиноят ва ё ришва дастгир мекунанд аз мансубияти ҳизбии онҳо чизе гуфта намешавад. Аммо, вақте яке аз аъзоёни ҲНИТ барои кадом амале боздошт мекунанд, аввалан аз ҲНИТ ёдовар мешаванд ва ҳамчун узви ҲНИТ муттаҳам мешаванд. Пас сабаби ихтилофандозии ҲНИТ ва давлат чист? Кори дасти кист?


«Наҷот» ҳафтаномаи ҲНИТ фазои сиёсии пеш аз интихоботи Қирғизистонро дар матлабе таҳти унвони "Қирғизистон: вазъи сиёсӣ, интихобот ва фарзияҳо" таҳлил намудааст. Муаллиф навиштааст, ки ҳарчанд ки то интихоботи парлумонии ин кишвар рӯзҳои башумор мондааст ва мумкин аст, ки натиҷаи пирӯзии ин интихобот сохтори давлатдории кишварро тағийр диҳад ва албатта ин ба кишварҳои ҳамсоя ҳам шояд бетаъсир намонад. Аммо, президентони кишварҳои минтақа ки худро якумра интихобшуда медонанд, аниқтараш худашонро президенти якумрӣ интихоб кардаанд, хиҷиланд.

Дар саҳифаи дигари ҳамин «Наҷот» сӯҳбати «Рӯ ба рӯ» -е бо Муҳммадҷон Шакурӣ чоп шудааст. Муҳамадҷон Шакӯрӣ гуфтааст, ки мо бояд кореро, ки равшангарон оғоз карда буданд, ба анҷом расонем.

«Миллат» мусоҳибаере бо Мӯъмин Қаноат, шори маъруфи тоҷик ба нашр расонидаст. Мӯъмин Қаноат гуфтааст, ки таассуби мазҳабӣ тоҷиконро бе ватан кард. «Он чизе ки дар асри XV Шоҳони Қочор, ки як зарра турктабор ҳам будаанду ба ин кор даст задаанд, баъд низои сунниву шиъаро бисъёр ривоҷ дод. Аз Исфаҳон шурӯъ шуд ин кор. Он қадар доман густурд, ки мардуми Ирон пора-пора шуданд. Омаданду оромгоҳи Ҷомиро оташ заданд, ки ин аз мазҳаби дигар аст. Таҷзияи Ирони бузург аз ҳамин амал сар шуд. Яъне ки аз назари мазҳабӣ тақсим кардани миллат".

«ИмрӯзNews” рӯзномаи Тоҷикистон навиштааст, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳадафи мо боздошти Мирзохуҷа Аҳмадов нест.

«Пайкон» дар матлабе бо номи "Хуҷандро «Ансоруллоҳ» тарконд" навиштаст, ки ҷамоати «Ансоруллоҳ» моҳи ноябри соли 2008 номгӯзорӣ шудааст. Мақсади ин ҷамоа таъсиси аморати исломӣ дар минтақаи Ғазза мебошад.

«Боргоҳи Сухан» дар матлабе «Қазияи фирориён: Мукофот барои қиёфашиносӣ» навиштааст, ки пас аз боздошти 19 фирории дигар, шояд сокинони қиёфашинос бо ордену медал ҳам қадрдонӣ шаванд. Охир дар Тоҷикистон аз ҳич чиз чиз месозанд ва аз ҳеҷ кас КАС!
XS
SM
MD
LG