Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмаки фаврии IMF ба Покистони мусибатдида


Шӯрои мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул барои кӯмак ба рафъи паёмадҳои обхезии фалокатбор дар Покистон ихтисоси қарзи 451 миллион долларӣ барои ин кишварро тасвиб кард. Қарзи мазкур билофосила дар ихтиёри Покистон гузошта хоҳад шуд, ки обхезиҳо ба зиндагии 20 миллион нафар дар он кишвар таъсири бад гузоштааст. Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, обхезиҳо дурнамои иқтисодии ин кишварро бисёр бад кардааст, чун ба арсаи муҳими кишоварзӣ, ки нерӯи кории зиёд дар он банд ҳастанд, садамаи бисёр задааст. Пештар аз Бонки Ҷаҳонӣ низ барои кӯмак ба миллионҳо нафар мардуми мӯҳтоҷи ғизову сарпаноҳ дар Покистон як миллиард доллар қарзи боимтиёз ихтисос дод.
XS
SM
MD
LG