Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ҳукми додгоҳи Қирғизистонро интиқод кард


Созмони Авфи Байналмилал қароргоҳаш дар Ландан Қирғизистонро барои ба ҳабси якумрӣ маҳкум кардани Азимҷон Аскаров, як фаъоли узбактабори ҳуқуқи инсон интиқод кард. Зимни як баёнияи расмӣ, Авфи Байналмилал, иттиҳомот алайҳи Азимҷон Аскаров, “сохта” хонда ва хостори раҳоии фаврии ӯ шудааст. Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Ню Йорк гуфт, муҳокима бо хушунату таҳдид алайҳи вакилони дифоъ олуда буд ва аз ҳукумати Қирғизистон хост, муҳокимаи дубораи шаффофу одилонаро тазмин диҳад. Додгоҳи Қирғизистон Азимҷон Аскаров ва ҳафт ӯзбактабори дигарро ба қатли як маъмури милисаи қирғиз дар рустои Бозорқурғон дар ҷараёни низоъҳои қавмии моҳи июн гунаҳкор донист. Аммо ҳамаи онҳо гуфтаанд, ки бегуноҳанд. Авфи Байналмилал мегӯяд, Азимҷон Аскаров то боздошташ дар миёнаҳои моҳи июн доир ба ғоратгариҳои хонаҳо ва қатли ӯзбактаборон дар низоъҳои қавмӣ санад ҷамъ мекардааст.
XS
SM
MD
LG