Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни вазирони дифоъи ИМА ва Русия


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико ва ҳамтои руси ӯ Анатолий Сердюков дар Пентагон мулоқот карданд ва дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои низомӣ миёни Амрико ва Русия санадҳое ба имзо расониданд. Роберт Гейтс ба хабарнигорон гуфт, ду тараф ёддошти ҳусни тафоҳуми нав доир ба ҳамкориҳои низомӣ имзо карданд: "Дар ин ёддошти ҳусни тафоҳум таъкид мешавад, ки ҳамкориҳои дифоъӣ, як унсури муҳими таҳкими ҳамкориҳои Амрикову Русия аст, бахусус ҳоло, ки ҳарду кишвар ба таҳдидҳои бисёр ва шабеҳи амниятӣ рӯ ба рӯ ҳастанд." Роберт Гейтс ва Анатолий Сердюков ҳамчунин асноде дар мавриди таъсиси гурӯҳи кории ҳамкориҳои дифоъии Амрикову Русияро имзо карданд, ки соли 2009 аз тарафи Барак Обама ва Дмитрий Медведев пешниҳод шудааст. Бар асоси ин санад, вазирони ду кишвар соле бояд ҳадди аққал як бор мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG