Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи муҳокимаи чаҳор зиндонии қазоқ


Дар Қазоқистон муҳокимаи чаҳор нафар муттаҳам ба таҳияи навори латукӯби бераҳмонаи як зиндонӣ аз тарафи посбонони зиндон шурӯъ шуд. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, навори мазкур сохтакорӣ аст ва воқеъият дар зиндонҳои Қазоқистонро нишон намедиҳад. Навори мазкур моҳи май дар интернет нашр шуд ва нишон медиҳад, ки як маҳбуси зиндони Долинкаи Қазоқистонро посбонон бо автомати Калашников мекӯбанд. Ин маҳбус Евгений Караш ва ҳоло яке аз муттаҳамон будааст. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, як маҳбуси дигарро, ки ба таҳияи навори тақаллубӣ муттаҳам мешуд, моҳи июн дар ҳуҷрааш овехта пайдо карданд. Дар зиндонҳои Қазоқистон чандин маротиба, маҳбусон ба нишони эътироз аз шароити бад ва бадрафтории посбонон, шиками худро чок кардаанд.
XS
SM
MD
LG