Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Люксембург ба истеҳзои Николя Саркозӣ


Жан Азелборн, вазири умури хориҷаи Люксембург, изҳороти истеҳзомези Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронсаро “бадхоҳона” хонд, ки гуфт лӯлиҳоро Люксембург худаш хона диҳад. Изҳороти Николя Саркозӣ баъди он садо дод, ки Вивиан Рединг, кумиссионери адлияи Иттиҳодияи Аврупо, ихроҷи лӯлиҳо аз Фаронсаро интиқод кард. Аз онҷо ки Вивиан Рединг, аз Люксембург аст, Николя Саркозӣ гуфт, пас Люксембург ба лӯлиҳо иҷоза бидиҳад, дар ин кишвар иқомат кунанд. Иқдоми Фаронса, ки садҳо лӯлиро ба ватанҳояшон Руминия ва Булғористон ронд, вокуниши манфӣ ва шадид дар Иттиҳодияи Аврупоро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG