Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон дар остонаи интихоботи порлумонӣ


Аз қариб 7 000 маркази раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Афғонистон дари наздик ба 1000 марказ рӯзи интихобот, 18-уми сентябр, боз нахоҳад шуд. Аммо агар вазъи амниятӣ як мояи нигаронӣ бошад, эҳтимоли хилофкориҳои густарда аз ҳоло ба рӯи ин маъракаи сиёсӣ соя андохтааст.

Интихоботи Афғонистон зоҳиран як раванди баҳсбарангези ҳазорон шикоят хоҳад шуд, мегӯяд Ҷоан Криглер, яке аз ду узви хориҷии Кумиссюни шикоятҳои интихоботии Афғонистон дар Кобул. Вай ин тахминро ҳам ба забон овард, ки мумкин аст, эълони натиҷаҳои интихобот ҳафтаҳо тӯл кашад.

Имтиҳони ҷиддӣ барои Афғонистон

Интихоботи порлумонии рӯзи шанбе як имтиҳони ҷиддии эътидол дар Афғонистон хоҳад буд ва он ҳам дар давраи густариши хушунатҳо дар ин кишвар. Ноамнӣ ва тақаллуб аз нигарониҳои асосии ин раъйдиҳӣ шумурда мешаванд. Вале Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Андерс Фоғ Расмуссен рӯзи чаҳоршанбе дар Бруссел гуфт, "мӯътақид аст, ки вазъи амниятӣ ба интихоботи озоду одилона имкон медиҳад."

Дар худи ҳамин рӯз сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, Зоҳир Азимӣ дар Кобул ба он ишора кард, ки ин бор нерӯҳои бештаре амнияти интихоботро дар дӯш доранд: «Нерӯҳои НАТО, ки 150 000 нафаранд ва ҳам қувваҳои мо, ки ин бор хеле бештар аз интихоботи қаблии раёсатҷумҳуриянд, амнияти интихоботро таъмин хоҳанд кард».

Тафовути дигар дар таъмини амният дар давраи интихобот ин аст, ки акнун масъулияти бештар дар дӯши нерӯҳои давлати Афғонистон буда, қувваҳои НАТО ба ҳайси пуштибон истифода хоҳанд шуд.

386 зани номзад дар интихобот


Намояндагии Созмони Милал, ки барои баргузории интихобот 150 миллион доллар ихтисос додааст, аз ҳамла ба номзадҳои зан изҳори ташвиш кардааст. Дар изҳороти он гуфта мешавад, набояд вазъи амниятӣ бо мақсади фишор ба номзадҳо ва раъйдиҳандагон истифода шавад.

Наздик ба дуним ҳазор номзад, аз ҷумла 386 зан барои 249 курсии палатаи поёнии порлумон вориди сабқат шудаанд, як номзад дар вилояти Ғазнӣ, ду номзади дигар дар шарқи кишвар ва панҷ мубаллиғи номзади дигар дар Ҳирот ба қатл расида, толибҳо аз ҳамаи номзадҳо даъват кардаанд ё аз сабқат хориҷ шаванд ва ё бо ҳамин гуна сарнавиште рӯбарӯ хоҳанд гашт.

Аммо дар тафовут бо интихоботи президентии соли 2009 толибҳо таҳрими расмии интихоботро эълом надоштаанд. Бо вуҷуди ин дар бархе аз манотиқи кишвар раъйдиҳӣ баргузор нахоҳад шуд. Ноиби сардори бахши амалиётӣ дар Вазорати дифои Афғонистон, Афзал Амон дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт: "Дар маҷмӯъ дар 9 улусволӣ, ки зери назорати Толибон аст, интихобот баргузор намешавад."

Мушкили рақобат бо номзадҳои мард

Яке аз номзадҳо, Ширин Бег мегӯяд, бо вуҷуди ҳама гуна таҳдидҳо вай хона ба хонаи мардум мегардад ва худро муаррифӣ мекунад.

Барои занон рақобатҳо дар маъракаи интихоботии Афғонистон ба маротиб мушкилтар мебошад. Нозирони маҳаллӣ ва хориҷӣ мегӯянд, мавҷи эҳтимолии шикоятҳоро аз тақаллуб ва хилофкорӣ на танҳо шиддати сабқат, балки нашри кортҳои ҷаълии раъйдиҳандагон низ ба вуҷуд меоранд.

Ба камияш се нашриёт дар Пешовари Покистон ба хабарнигори Ассошиейтед Пресс гуфтаанд, ки бархе аз номзадҳои интихоботи Афғонистон барои онҳо намунаи корти раъйдиҳандаро овардаву бо қимати чоряк доллар донае садҳо нусха фармоиш додаанд. Яке аз ноширони покистонӣ, бо номи Тариқ Хон гуфтааст, шахсан барои як номзад 1500 корт нашр кардааст.

Дар ин байн нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Ғазнӣ наздик ба 3 ҳазор корти тақаллубии интихоботиро мусодира карданд, ки дар Покистон чоп шудаанд. Бо иқрори ҳамаи навоқис, раиси дафтари СММ дар Афғонистон, Стефан де Мистура, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт:

"Мо метавонем пешакӣ бигӯем, ки он олӣ нахоҳанд буд. Ва аммо бо такя ба коре, ки анҷом дода шуд ва омодагиҳое, ки мақомоти Афғонистон гирифтаанд, мо эҳсос мекунем, ки ин интихобот назар ба интихоботи қаблӣ хело ҳам беҳтар хоҳад буд".

Нозирони вазъ мегӯянд, дар сурати муваффақияташ интихоботи порлумони Афғонистон сояро аз рӯи ҳукумати Ҳомид Карзай, ки то ҳанӯз ҳақиқати пирӯзии ӯ дар рақобат бо доктор Абдуллоҳ дар соли гузашта, агар комилан набардорад ҳам ба андозаи зиёд коҳиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG