Пайвандҳои дастрасӣ

Азимҷон Аскаров ба ҳабси абад маҳкум шуд


Як додгоҳи Қирғизистон ҳомии ҳуқуқи башари ӯзбактабор Азимҷон Аскаровро бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як корманди полис ба ҳабси абад маҳкум кард. Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Аскаров ҳамроҳ бо 7 ӯзбактабори дигар дар қатли корманди милиса Миктибек Сулаймонов ҳангоми зудухӯрдҳои қавмӣ миёни ӯзбакҳову қирғизҳо дар деҳаи Бозор Коргон айбдор шуданд. Дар суханронии охирин имрӯз Азимҷон Аскаров айбро ба гардан нагирифт ва аммо дигар маҳкумшавандаҳо даст доштанаш дар куштори корманди милисаро иқрор карданд. Яке аз онҳо, Мунира Маҳмадалиева аз додгоҳ хост, ки ба ӯ тараҳҳум кунад, зеро кӯдакони худрсол дорад.
Мурофиаи додгоҳӣ дар деҳаи дурдасти Нукен идома кард, зеро дар мурофиа дар деҳаи Бозор Коргон пайвандону хешовандони Миктибек Сулаймонов бо тазоҳуроту эътироз ба кори додгоҳ латма ворид карда буданд.
XS
SM
MD
LG