Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати низомиёни ироқӣ дар инфиҷори автобус


Бар асари инфиҷори автобус дар шаҳри Мосул, воқеъ дар шимоли Ироқ, нӯҳ низомии артиши Ироқ кушта шуда, шаш нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, автобус бо низомиён ба майни рӯи раҳ бархӯрдааст.
Дар як тирпарронии шаби гузашта дар шаҳри Фалуҷа бошад, ду сарбози ироқӣ ва панҷ сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи намояндаи полиси Ироқ, низомиёни ироқиву амрикоӣ ба манзиле ҳамла карданд, ки он ҷо ошӯбгарон панаҳ бурда буданд. Ва аммо мардуми маҳаллӣ гуфтанд, ки низомиён иштибоҳан он манзилро тирборон кардаанд ва ҳамаи кушташудагон – сокинони осоиштаанд. Намояндаи артиши ИМА изҳор намуд, ки ин ҳодиса тафтиш хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG