Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нисфи аҳолии қобили кор дар Тоҷикистон шуғле дорад


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, пас аз як пажуҳиши сиёсати меҳнат дар ҷумҳурӣ, ба натиҷае расидааст, ки 50 дарсади аҳолии қобили кор, шуғле дорад. Вазорат теъдоди аҳолии қобили кори Тоҷикистонро беш аз 4 миллион нафар шумурдааст.

Пажуҳиши ҳукумат, ки дар ҳамдастӣ бо Иттиҳоди Аврпуо омода шудааст, ба мақомот имкон хоҳад дод, ки барномаи стратегия меҳнат то соли 2020- ро таҳия кунанд.

Ихтилоф дар омори аҳолии қобили кор

Ба гуфтаи Раҷаб Раҷабов-сардори сарраёсати таҳлили дурнамои бахши иҷтимоъ ва шуғли ҳамин вазорат, ҳоло 2,1 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон машғули кор аст:
«Аҳолии қобили меҳнат 4.2 миллион аст. Онҳое, ки ба захираҳои меҳнатӣ дохил мешаванд, онҳое, ки кор мекунанд теъдодашон 2 миллиону сад ҳазор нафар аст. Тибқи омори расмӣ, бекорӣ 2 дарсад аст. Вале таҳқиқот нишон дод, ки мардуми бекор беш аз 11 дарсад аст»

Ин дар ҳолест, ки ахиран Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон пас аз як пажуҳиш гуфта буд, ки аҳолии шоғил дар ҷумҳурӣ беш аз 1,8 миллион нафар аст. Ва афроди шоғил беш аз 39 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Агрита Гроза, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, ки дар пажуҳиши сиёсати меҳнат ба вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамкорӣ кардааст, дар бораи ихтилофи рақамҳо ва мушкилот дар бозори меҳнат гуфт:

«Бино ба мушоҳидаҳои ман, ҳар як вазорат дар Тоҷикистон гӯё як давлати алоҳида ва ё як шоҳигарӣ аст. Дар ҳоле, ки ҳама вазоратҳо дар якҷоягӣ барнома созанд ва ба як мақсад: боло бурдани иқтисод ва сатҳи зиндагии мардум кор кунанд. На балки ба рақобат миёни якдигар талош кунанд. Ба ҳамин мақсад, мо сиёсати меҳнат дар Тоҷикистонро омӯхтем то як барномаи стратегии сиёсати меҳнат таҳия шавад, ки дар он ҳама вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлат саҳм дошта бошанд».

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо барои аввалин бор ҳамчунин пажӯҳишро барои таҳияи барномаи стратегии сиёсати меҳнат то соли 2020 анҷом додааст.

Мақомот дар давраи ҳозира аз муҳоҷирати корӣ пуштибонӣ мекунанд

Раҷаб Раҷабов- сардори сарраёсати таҳлили дурнамои бахши иҷтимоъӣ ва шуғли аҳолӣ ҳадаф аз ин пажуҳишро чунин тавзеҳ дод:

«Афзоиши захираҳои меҳнатӣ бештар аз таъсиси ҷойҳои корӣ аст. Дар давраи ҳозира, мо аз муҳоҷирати кори пуштибонӣ мекунем. Лекин дар оянда мо бояд тамоми тавоноии худро барои ташкили ҷойҳои корӣ ва ба кор таъмин кардани мардуми қобилияти кор дошта равона кунем. Барои бахши шуғл бештар маблағ ихтисос диҳем. Зеро агар мардум ба кор таъмин нашавад, иқтисод низ пеш намеравад».

Ҷамшед Қуддусов –коршиноси бахши иҷтимоӣ ва шуғл, ки дар муаррифии натоиҷи ин пажӯҳиш ширкат дошт, тозагиҳои барномаи ояндаро чунин арзёбӣ кард :
«Навоварие, ки дар ин ҳисобот ё пажӯҳиш ба назар мерасад ин аст, ки мо дар бораи сиёсати иқтисодӣ аз дидгоҳи шуғли аҳолӣ менигарем. Дар бораи масоили демографӣ ва омӯзиши кадрҳо низ аз чорчӯби шуғл менигарем. Мо тавсеъаи соҳибкориро ҳамчун василаи васеъ кардани доираи шуғл медонем».

Ба гуфтаи ҷаноби Қуддусов, бояд меҳвари асосии барномаи стратегии сиёсати меҳнат то соли 2020, масъалаи ба кор таъмин кардани мардум бошад:

«Агар мо барномаи рушди энержиро таҳияи кунем, дар он барнома бояд мушаххас гуфта шавад, ки чанд кас ба ҷои кор таъмин мешавад. Барномаи стратегии сиёсати меҳнат бояд бар пояи кишварҳои Ғарб таҳия шавад. Барои мисол, муддаиён ба мақоми президентӣ дар кишварҳои Ғарб мушаххас ваъда медиҳанд, ки чанд нафарро ба ҷои кор таъмин мекунад. Ва ин меҳвари барномаи вай аст. Дар Тоҷикистон низ бояд чунин бошад».

Қонунҳои хуб вале амалинашаванда

Агрита Гроза -намояндаи Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки барои таҳияи барномаи стратегии меҳнат, Тоҷикистонро зарур аст, ки дар як идда қонунҳои худ таҷдиди назар кунад. Барои мисол хонум Гроза афзуд:

«Вақте, ки мехонем, қонунҳои Тоҷикистон хубанд, вале ба далели заифии давлат аз лиҳози молӣ, ин қонунҳо кор намекунанд. Барои мисол, қонун дар бораи шуғли аҳолӣ. Тибқи ин қонун, ба афроди бекоре, ки фарзанди то 16 сола дорад, давлат бояд кӯмакпулӣ ва музд бидиҳад. Вале дар ин чанд соли охир, давлат ин корро накардааст. Аз чунин қонунҳо ё бояд даст кашид ва ё дар онҳо таҷдиди назар кард».

Намояндаи Иттиҳоди Аврупо изҳори умедворӣ кард, ки таҳия ва иҷрои барномаи стратегии сиёсати меҳнат, дар оянда беназмӣ дар бозори шуғл ва мушкилот дар бахши иҷтимоъро аз байн хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG