Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи башар дар куштор айбдор мешавад


Дар Қирғизистон мурофиаи додгоҳии як ҳомии ҳуқуқи башари ӯзбактабор, ки дар куштори корманди полис муттаҳам мешавад, аз сар гирифта шуд. Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, додситонӣ ҳомии ҳуқуқи башар Азимҷон Аскаров ва 7 ӯзбактабори дигарро дар қатли корманди милиса Миктибек Сулаймонов ҳангоми зудухӯрдҳои қавмӣ миёни ӯзбакҳову қирғизҳо дар деҳаи Бозор Коргон айбдор мехонад.
Дар суханронии охирин имрӯз Азимҷон Аскаров айбро ба гардан нагирифт ва аммо дигар маҳкумшавандаҳо даст доштанаш дар куштори корманди милисаро иқрор карданд. Яке аз онҳо, Мунира Маҳмадалиева аз додгоҳ хост, ки ба ӯ тараҳҳум кунад, зеро кӯдакони худрсол дорад.
Гуфта мешавад, ки дар сурати тайид шудани иттиҳом ба Азимҷон Аскаров ва чанд тани дигар ҳабси абад таҳдид мекунад. Мурофиаи додгоҳӣ дар деҳаи дурдасти Нукен идома кард, дар мурофиа дар деҳаи Бозор Коргон пайвандону хешовандони Миктибек Сулаймонов бо тазоҳуроту эътироз ба кори додгоҳ латма ворид карда буданд.
XS
SM
MD
LG