Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи пахши барномаҳои "РТР-Планета" дар Тоҷикистон


Шоми имрӯз пахши барномаҳои шабакаи телевизионии “РТР-Планета”-и Русия дар Тоҷикистон дубора шурӯъ мешавад. Хабаргузории “Азия-плюс” бо истинод ба Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳама мушкилоти марбут ба пахши барномаҳои ин шабакаи телевизионӣ ҳаллу фасл шудаанд. Созиш дар бораи аз сар гирифтани пахши барномаҳои “РТР-Планета” дар Тоҷикистон тақрибан як моҳ пеш дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар шаҳри Сочӣ ҳосил шуда буд.
Ёдовар мешавем, пахши барномаҳои ин шабака 2 марти соли гузашта баъд аз он қатъ шуда буд, ки ҷониби Русия аз имзои созиш бо ширкати “Телерадиоком” сарпечӣ намуд. Айни ҳол аксар шабакаҳои телевизионии Русия тавассути моҳвора қобили дастрасиянд. Ба иттилоъи ширкати “Телерадиоком”, камтар аз 15 дар сади сокинони Тоҷикистон ба моҳвора дастрасӣ доранду халос.
XS
SM
MD
LG