Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Мушарраф барои бозгашт ба сиёсат


Генерал Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури собиқи Покистон эълон кардааст, ки якуми октябр ҳизби нави сиёсии худ бо номи Лигаи мусалмонони кулли Покистонро таъсиси хоҳад кард.

Парвиз Мушарраф, ки феълан 67 сол дошта, дар ҳиҷрат дар Лондон ба сар мебарад, 2 сол қабл дар таърихи 18 августи соли 2008 аз раёсати Покистон истеъфо дод. Ӯ дар соли 1999 дар натиҷаи як табаддулоти бехун ҳукумати сарвазир Навоз Шарифро сарнагун карда ва ба қудрат расида буд.

Аммо Парвиз Мушарраф дар сурати бозгашташ ба Покистон метавонад бо ҷурми табаддулоти бехуни 11 соли пеш ба масъулият кашонида шавад. Аз сӯи дигар, матбуоти Ғарб ин мавзӯъро ҳам доман мезанад, ки дар пасманзари башиддат коҳиш ёфтани эътибори раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ, бахусус баъди онки дар рӯзҳои обхезиҳои пурқурбонии кишвараш барои 2 ҳафта ба сафари Аврупо рафт, низомиёни Покистон нуфузи дар пайи барканории Мушарраф хеле заминшудаи худро барқарор мекунанд.

Пиромуни вазъи кунунии Покистон гуфтугӯе доштем бо Амони Гилзай, сардабири Радиои Машъал, як бахши РО, ки барои сарзаминҳои паштунишини Покистон барнома пахш мекунад. Ва суоли аввали мо аз оқои Гилзай ҳам пиромуни имконоти Парвиз Мушарраф барои бозгашти дубора ба саҳнаи сиёсии ин кишвар буд.

Амони Гилзай гуфт: “Шонси генерал Мушараф барои бозгашт ба Покистон ва фаъол кардани ҳизбаш дар дохили кишвар хеое ночиз аст. Ва як далели асосиаш парвандаи ҷиноиест, ки додгоҳи Покистон алайҳи ӯ боз кардааст. Яке аз ин парвандаҳо Мушаррафро ба даст доштан дар қатли яке аз раҳбарони қабоили балуҷ айбдор мекунад. Ва агар ӯ ба Покистон баргардад, давлат ба сурати ошкоро гуфтааст, ки ӯро ҳабс хоҳанд кард”.

Радиои Озодӣ: Аммо, оқои Гилзай, бубинед, вақте Парвиз Мушарраф дар сари қудрат буду президенти кунунӣ осифалӣ Зардорӣ - дар ҳиҷрат низ айни ҳарф зада мешуд, ки ӯро ба муҷарради бозгашташ ба Покистон ҳабс хоҳанд кард. Вале ҳоло мебинем, ки Зардорӣ дар курсии раёсати ин ҷумҳурӣ нишастааст.

Гилзай: Дуруст аст. Вале Зардорӣ он замон бо Мушарраф даст ба тавофуқоте ёфта буд ва тибқи ин тавофуқот, вақте ӯ бармегашт, парвандаҳои ҷиноии алайҳи Зардорӣ лағв шуда буд. Аз сӯи дигар, артиши Покистон ҳам аз Мушарраф пуштибонӣ намекунад, чунки ӯ феълан ҳамчун як мушкил барои артиш ба назар меояд ва чунин ба назар мерасад, ки артиш намехоҳад аз вай ҳимоят кунад.

Радиои Озодӣ:
Ва чун сухан аз артиш рафт, дар ин авохир дар матбуот гуфтугӯе зиёде ҳаст, ки генералҳои покистонӣ нуфузи аздастдодаи худро батадриҷ барқарор мекунанд ва дигарбора ба як нирӯи муҳими сиёсӣ дар саҳна табдил меёбанд. Бо таваҷҷӯҳ ба иштибоҳҳои Зардорӣ оё метавон пиромуни эҳтимоли ба майдон чун дар даврони Мушарраф ба сифати нирӯи аввал ва таъйингари сиёсат зоҳир шудани артиш ҳадс зад?

Гилзай: “Як бардошти куллӣ аз Покистон чунин аст, ки артиш дар паси саҳна қарор дорад ва артиш дар Покистон ҳамеша нақши фавқулодда муҳимро бозӣ мекунад. Ва дар рӯзҳои обхезиҳо артиш намоёнтарин нирӯ ба назар омад, ки ҳатто назар ба ниҳодҳои шаҳрвандӣ ба мардум кӯмаки бештар расонд. Ва артиш акнун хуб мефаҳмад, ки нақшу нуфузаш дар пайи ин офоти табиӣ ба таври ҷиддӣ болотар рафт. Зардорӣ, албатта, раисиҷумҳури чандон мӯътабаре нест ва дар рӯзҳои обхезиҳо барои ду ҳафта ба Аврупо рафтанаш он эътибори андаки ӯро ҳам ба хок яксон кард. Вале фикр накунам, ки артиш дар пайи барканор кардани ӯву ба худ гирифтани нақши аввал бошад. Як бардошти дигари ҳосилшуда ин аст, ки Зардорӣ раисиҷумҳури билқувва ва пурнуфузе нест. Ва артиш аз ҷониби ӯ таҳдидеро эҳсос намекунад. Зардорӣ нуфузу нирӯи кофие надорад ва артиш эҳсос мекунад, ки метавонад дар пушти Зардорӣ истода, нақши хеле муассиреро бозӣ кунад.”
XS
SM
MD
LG